ДАРЁФТИ СИЛОҲИ ОТАШФИШОН
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз аввали соли 2010 дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ -ҷустуҷўӣ аз пинҳонгоҳҳои наздисарҳадӣ инчунин бо роҳи ихтиёран супоридани яроқи оташфишон аз тарафи ашхоси алоҳида 1-адад милтиқи тамғаи «Карабин», 1 адад милтиқи тамғаи « ТОЗ-8», 1 адад гранатомет РПГ-2, 1 адад норинҷак (граната) РГД мусодира намуданд. Аз тарафи кормандони гумрук оид ба далелҳои номбаршуда чораҳои зарурии дар қонун пешбинигардида андешида шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Шўъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.