ЭҲТИЁҶ БА ОРД МЕАФЗОЯД

Декабрь 14, 2010 16:38

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мутобиқ ба пешгӯии нави коршиносони Шӯрои байналмилалӣ оид ба зироат дурнамои тиҷорати ҷаҳонии орд дар давраи солҳои 2010-2011 аз 0,07 миллион тонна дар як моҳ то 12,23 миллион тонна зиёд шудааст, вале нисбат ба нишондиҳандаи рекордии соли гузшта, ки 13,16 миллион тоннаро ташкил медод, ҳанӯз ҳам 7% камтар аст. Тавре сомонаи иттилоотӣ- таҳлилии агентии «АПК-Информ» хабар медиҳад, воридкунандаи бузургтарини ҷаҳонии орд боз ҳам Афғонистон боқӣ мемонад. Ин давлат  аз бозорҳои хориҷии  кишварҳои узви ИДМ,  асосан  аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон наздик ба 1,4 (1,8) миллион тонна маҳсулот харид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ордро аз ҷумҳурии Қазоқистон ворид менамояд. Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми тиҷорати берунӣ бо Тоҷикистон дар байни давлатҳои узви ИДМ мавқеи сарвариро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамкори фаъоли тиҷоратии Қазоқистон ба шумор меравад. Ҳаҷми мубодилаи мол дар байни ин  ду ҷумҳурӣ дар соли 2009-ум 255,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод ( содирот– 240,3 млн.,  воридот – 14,8 млн.). Тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта мубодилаи мол дар байни ин ду ҷумҳурӣ 5,7 % фоиз афзуд.      

Декабрь 14, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд