ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 15 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Дирӯз дар Маркази илмӣ- тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон маҳфили «Дӯстдорони таърихи тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», ки ба ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар маҳфил собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Акбаршо Искандаров, профессор Абдусаттор Нуралиев, мушовири сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Айтжан Айдашев ва инчунин устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар маҳфили мазкур аз тарафи устодон ва донишҷӯёни ДМТ маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, суханронии донишҷӯи факултаи таърих Меликфаридун Равшанзод дар мавзӯи «Тоҷикони Қазоқистон: дирӯз ва имрӯз» ва устоди ДМТ Амриддин Шарипов дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар замони ҳозира» хеле пурмӯҳтаво буд. Дар маҳфил зикр гардид, ки ҳамкории мо бо Қазоқистон дар самти фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар ҳоли густариш мебошад. Дар ҷамъбасти ин маҳфил роҳбари Маркази илмӣ- тадқиқотии тоҷикон ва фарсизабонони ҷаҳон, профессор Мансур Бобохонов суханронӣ намуда гуфт, ки мо ният дорем минбаъд чунин вохӯриҳои судмандро боз ҳам зиёд намоем, зеро баргузории ин гуна маҳфилҳо дӯстии байни ду давлатро мустаҳкам намуда, боиси пешрафту инкишоф мегарданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






