КАЛОНТАРИН БОЗОРИ ДУШАНБЕ ТАХРИБ МЕГАРДАД

Декабрь 20, 2010 09:17

         Душанбе, 20  декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Яке аз собиқ бозорҳои калонтарини Душанбе бозори «Баракат», ки дар байни мардум бо номи «Путовский» маъмул аст, тахриб мешавад.     Дар робита шаҳрдории Душанбе ҷиҳати  бунёди  маркази савдои наву замонавии сеошёна тендер эълон менамояд.  Маркази нави савдо дар ҳудуди ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Хиштрез», ки дар кӯчаи Сурхоб воқеъ гардидааст,  дар масоҳати 3,7 гектар бо ҷалби маблағҳои молии буҷаи  пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад.      Яке аз шартҳои тендер ҷиҳати сохтмони маркази нави замонавии савдо истифодаи масолеҳи сохтмонии бинои бозори «Баракат»   мебошад.       Мавриди зикр аст, ки бозори «Баракат, ки яке аз калонтарин бозорҳо дар даврони собиқ шӯравӣ дар пойтахт маҳсуб меёфт, мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе охири моҳи январ бо қарори марбутаи шаҳрдории Душанбе тахриб мегардад.    

Декабрь 20, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст