КИТОБ — РУКНИ МУҲИМИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Декабрь 1, 2010 15:45

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 30 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарифзода  конфронси илмии «Истиқлолият ва рушди илми китобдории тоҷик» доир гардид.  Ташаббускорони конфронси мазкур Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар мебошанд. Дар кори конфронс намояндагони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Китобхонаи миллии ба номи  Фирдавсӣ ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатии Вазорати фарҳанг Сафар Шосаидов дар мавзўи «Раҳимҷони Шарифзода ва китобдории даврони истиқлолият», директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқ        отии фарҳанг ва иттилоот  Қурбоналӣ Бӯриев дар мавзӯи «Саҳми Раҳимҷони Шарифзода дар эҳё ва рушду такомули илми китобдории тоҷик» сухан гуфтанд. Пас аз ҷамъбасти конфронс намоиши китобҳо таҳти унвони «Китоб — рукни муҳими тамаддуни башарӣ» баргузор шуд. Дар  ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Декабрь 1, 2010 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад