ЛОИҲАРО ҶОНИБДОРАНД
Хоруғ, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Пешниҳоди лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби сокинони ВМКБ ҳамовозии амиқ пайдо намуд. Тарбияи фарзанд масъалаест, ки аз волидон масъулияти баландро тақозо намуда, аҳли ҷомеаро лозим меояд ба он эътибори ҷиддӣ диҳанд. Маорифчиёни шаҳри Хоруғ қабули чунин қонунро иқдоми хеле муҳим ва саривақтӣ меҳисобанд, — иброз дошт мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Бибигул Ҷумъаева. Ба фикри Ҷумъаева ин қонун саривақтист, зеро волидайн имрӯз нисбат ба тақдири фарзандонашон хеле бепарвоанду тарбияи онҳоро бар дӯши омӯзгорон ҳавола кардаанд, ки ин аз рӯи инсоф нест. Ба қавли устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев, номзади илмҳои филологӣ Лаълҷубаи Мирзоҳасан Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моро водор месозад, ки дар тарбияи насли сазовор барои ояндаи миллат ҳиссагузор бошем . Агар кӯдак дар оила тарбияи хуб нагирифта бошад, вай ҳеҷ гоҳ дар хониш фаъол намешавад. Умед аст, ки қабули Қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми тоҷик, дар тарбияи кӯдакону наврасон, ки ояндаи давлату миллати мо дар дасти онҳост, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






