МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО А. МИШАРИН
Душанбе, 15 декабр. (НИАТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Дирўз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо волии вилояти Свердловски Федератсияи Россия А. Мишарин, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо минтақа ва вилояту шаҳрҳои алоҳидаи Федератсияи Росссия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар баробари робитаю ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ бо Федератсияи Россия, Тоҷикистон ҳамзамон бо беш аз 60 минтақа ва вилояту шаҳрҳои ин давлат додугирифти тиҷоратӣ дорад. Дар мулоқот ҳамзамон доир ба масоили дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва вилояти Свердловск, хусусан густариши робитаҳои тиҷоратии вилоят ва шаҳрҳои Тоҷикистон бо ин вилоят ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






