Н.БОРДЮЖА: «ВАО НАБОЯД БА ИҒВОАНГЕЗӢ РОҲ ДИҲАД»

Декабрь 23, 2010 11:52

Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).-«Сиёсати муштараки иттилоотии давлатҳои узви СААД яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили хатар ва таҳдидҳои муосир, таъмини самараноки қувваҳои муштарак оид ба созмон додани раванди амнияти дастаҷамъист», чунин ном дошт конфронси 8-уми байналмилалии илмӣ-амалие, ки 21 декабр дар шаҳри Маскав баргузор гардид.    Дар конфронс Котиби генералии СААД Н. Бордюжа дар бораи натиҷаҳои фаъолияти муштараки кишварҳои узви СААД дар мубориза бо сомонаҳои интернетӣ, ки иттилооти мамнӯъро паҳн менамоянд, сухан гуфт.    «Дар ҷамъбасти амалиёти муштараки гузаронидашуда зиёда аз ҳазор парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Ҳамчунин, корҳои омодагӣ оид ба ташкил намудани Маркази ягонаи иттилоотии СААД, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии Маскав таъсис меёбад, ба анҷом мерасанд», афзуд дар идома Н. Бордюжа.    Ба гуфти котиби генералии СААД кор бо ВАО таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. «Набояд аз муошират бо ВАО ва аз саволҳои тезу нишонрас рӯй тофт, набояд аз танқид тарсид. Дар навбати худ бояд дар ВАО пайдо шудани хабарҳои дурӯғу иғвоангезро пешгирӣ намуд, зеро ин гунна хабарҳо вазъиятро тезу тунд намуда, муносибати байни миллатҳоро халалдор месозанд. Ба муносибати беҳурматона, таҳқиромез ва беадолатонаи ВАО нисбат ба ин ё он кишвар, роҳбарони  давлатҳо ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи миллатҳо набояд роҳ дод», — зикр намуд дар охири маърӯзааш Н. Бордюжа.    Чорабини мазкур аз ҷониби котиботи СААД ва дастгоҳи Шӯрои   федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсия Русия гузаронида шуд.              

Декабрь 23, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад