НЕРӮГОҲИ ШАШВАЛОН
Нуробод, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). – Дар деҳаи Шашвалони ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод бо иқтидори 183 киловатт- соат нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуд. Табиист, ки бунёди чунин иншоот дар минтақаҳои кӯҳистон аҳамияти калон дорад. Раиси ноҳияи Нуробод С.Сияҳмардов иброз намуд, ки бо шарофати ба истифода додани ин нерӯгоҳ сокинони деҳа, мактаби таҳсилоти умумӣ ва бунгоҳи тиббӣ тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.