НИГИНАИ ҲУНАР САҲНАРО ТАРК НАМУД
Душанбе, 22 декабр, (АМИТ «Ховар»).-Сарояндаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нигина Рауфова дар синни 65 солагӣ аз бемории сактаи қалб аз дунё чашм пӯшид. Марҳум аз соли 1989 то ба нафақа баромадан дар ҳайати ансамбли овозадори «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамуд. Солҳои тӯлонӣ ӯ дар ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Тӯли фаъолияти хеш барои саҳми назаррасаш дар пешрафти соҳаи фарҳангу ҳунар бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1975 фаъолияти кориашро дар ҳайати ансамбли «Рубобчизанон» оғоз намудааст. Аз соли 1975 сар карда, дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ба фаъолият пардохтааст. Сурудҳои «Аскарбача», «Бӯи гул», «Қадат баланд аст», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонат», «Наргиси шаҳло» ва дигарҳо аз зумраи беҳтарин ва машҳуртарин сурудҳои ӯ ба шумор мераванд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






