ПАЙВАНДИ ДИЛҲО ВА КИШВАРҲО
(Таассурот аз даври омӯзишии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои дипломатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон) Бо даъвати Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Клингендали назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд ва пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо, ду нафар дипломати ҷавони Вазорат, Фирдавс Шарипов, атташеи шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳиди Раёсати созмонҳои байналмилалӣ ва Муҳиддин Ҷӯраев, котиби сеюми Раёсати таҳлил ва тадқиқоти стратегӣ, муяссар гашт, ки дар ҳабдаҳумин даври омӯзишии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои дипломатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон аз 20 октябр то 10 декабри соли 2010 иштирок намоем. Даври омӯзишии мазкур аз рӯзи 20 октябри соли 2010 дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Клингендал, воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд, бо ҳамоҳангсозии кории ташкилотчиёни барномаи дипломатии мазкур Отиф Ҳамдӣ ва ёвараш Юрген де Клерк ва сухани ифтитоҳии мӯҳтарам Рон Тон, мудири барномаи таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатии Донишкадаи Клингендал, бо иштироки кулли аъзои ин даври омӯзишӣ, намояндагони 5 кишвари Осиёи Марказӣ (14 нафар) ва Афғонистону Муғулистон (8 нафар) дар фазои бошукӯҳ оғоз гардид. Калимаи Клингендал маънои “водӣ дар миёни регзор”-ро дорад. Бинои Донишкада дар давоми солҳои 1643-1660 барои оилаи асилзодагони Нидерланд бунёд шудааст, соли 1954 Клингендал ба моликияти шаҳри Лаҳай (Гаага) ва соли 1983 ба Донишкадаи Нидерланди муносибатҳои байналмилалии “Клингендал” табдил ёфтааст. Донишкадаи “Клингендал” дар гӯшаи шаҳрчаи Гаагаи Нидерланд, дар бинои ҳавлии пурҳашамати асри 17 бо боғи калону васеи сердарахту сабзазор ва кӯпруку рӯдҳо иҳоташуда ҷой гирифтааст. Ҳадафи Донишкадаи “Клингендал” густариши фаҳмишу дониши масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Азбаски ҳаёти кулли одамон ба вазъи сиёсати хориҷии кишвари онҳо хеле вобаста аст, омӯзишу баррасии воқеаву ҳодисаҳо ва сиёсати байналмилалӣ аҳамияти калонро касб кардааст. Дар тадқиқоту муҳокимаи масъалаҳои байналмилалӣ Донишкадаи мазкур ба ҳамгироии Аврупо, муносибатҳои фароатлантикӣ, амният ва бозори байналмилалии энергетикӣ, низоъшиносӣ, проблемаҳои вобаста ба муҳоҷират ва гурезагон, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, музокирот ва дипломатия, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои глобалӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Ба мақсади татбиқи мукаммали ин ҳадафҳо “Клингендал” тадқиқот мегузаронад, маводди иттилоотиву таҳлилӣ интишор мекунад, давру барномаҳои омӯзишӣ созмон медиҳад ва сохторҳои дахлдорро бо ахбороти зарурӣ таъмин менамояд. Донишкада ба сифати ниҳоди машваратии Ҳукумати Нидерланд, Парламент ва созмонҳои ҷамъиятӣ амал мекунад, дар баргузории конфронсу семинарҳо хеле фаъол аст ва дар дохили худ китобхонаи муҷаҳҳаз бо 12 компютери пайваст ба Интернет, таъмин бо рӯзномаву маҷаллаҳои ҳаррӯза, маркази санадҳо низ дорад. Айни замон ҳайъати профессорону устодони “Клингендал” 80 нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияти онҳо бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғуланд. “Клингендал” донишкадаест, ки сатҳи байналмилалӣ дорад, чунки роҳбарони сиёсии байналмилалӣ, дипломатҳо, хабарнигорон ва олимони кишварҳои мухталиф аксар вақт ба он барои хондани лексияҳо ва иштирок дар конфронсу семинарҳо даъват мешаванд. Ҳамчунин, “Клингендал” бо дигар донишкадаҳои илмиву тадқиқотии Аврупо ва ИМА дар тамоси мустақиму доимӣ буда, дар ҳамкорӣ бо донишкадаҳои ҳамтову ҳамшакл дар Аврупои Ғарбӣ барои Ҳукумати Нидерланд, дигар ҳукуматҳо ва Комиссияи Аврупо корҳои илмиву тадқиқотӣ омода месозад. “Клингендал” ҳамчун воҳиди илмӣ-тадқиқотӣ, академияи дипломатӣ ва маркази даврҳои такмили ихтисос ҳоло ба шарофати омӯзиши самараноки ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ба сифати донишкадаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ чӣ дар Нидерланд ва чӣ дар хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Дар маҷмӯъ даври омӯзишӣ барои намояндагони кишварҳои зикршуда беш аз 30 лексияву семинарро дар мавзӯъҳои мухталиф дар бар мегирифт. Зимни онҳо баррасиву таҳлили соири масъалаҳои гуногун ва муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин молиявиву тиҷоратӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҳуқуқиву амниятӣ, муҳитзистиву энергетикӣ ва дигар масоили мубраму рӯзмарраи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон сурат мегирифт. Ба мо муяссар гардид, ки аз суханони коршиносон, мутахассисони соҳаҳои мушаххас, устодону профессорони донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи аврупоӣ (аз шаҳрҳои Гаага, Амстердам, Маастрихт, Гронинген, Ниймеген ва Брюсселу Антверпен), дипломатҳои варзидаи Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд маълумоти муфид ва мӯътамадро оид ба ҳолату вазъи кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати дипломативу иқтисодии кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Хитой, Амрико, Эрон, Россия, махсусан кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таъриху сиёсат ва фарҳанги Нидерланд, дарёфт намоем. Ҳамчунон гурӯҳи дипломатии мо ба шаҳрҳои Брюссел ва Париж ҷиҳати боздиди ниҳодҳои расмии роҳбарикунандаи Иттиҳоди Аврупо (Комиссияи Аврупоӣ, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Парламенти Иттиҳоди Аврупо), қароргоҳи СААШ (НАТО), Агентии байналмилалии нерӯ ва шӯъбаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Париж сафари якҳафтаина анҷом дод. Зимни ин вохӯриҳо имконияти саволу ҷавоб бо намояндагони ниҳодҳои мазкури байналмилалӣ ва баррасии вазифаву салоҳият ва нақшаву барномаҳои созмонҳои номбаршуда даст дод. Аз аввали даври омӯзишӣ Отиф Ҳамдӣ ва Юрген де Клерк бо мо дар кори таҳияи ҳисоботҳои сиёсӣ ва ҳисоботҳои таҳлилӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду ҳисобот вазифае буд, ки ҳамоҳангсозони барномаи мазкури дипломатӣ аз мо иҷрояшро тақозо менамуданд. Дар поёни даври омӯзишӣ кулли иштирокчиёни он бо ҳисоботҳои сиёсиву таҳлилӣ ва изҳору табодули назар ва пешгӯӣ дар бобати масъалаҳои дар гузоришҳои шифоҳиашон баррасишуда суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, яке аз мавзӯъҳои аввалини даври омӯзиш: “Муқаддима ба Иттиҳоди Аврупо” бисёр ҷолиб ва шавқовар буд. Зеро дар ин бахш аз таърихи зарурияти таъсиси тамоми ниҳодҳо (Шӯрои Аврупо, Комиссияи Аврупо, Парламент, Суд, Шӯрои Вазирон ва ғ.), сохтор, ҷабҳаҳои фаъолият ва дигар хусусиятҳои хоси ин Иттиҳод ба мо корманди калони илмии Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд Бас Лемонард тавассути муаррифиномаи “Пауэр Пойнт” нақл карда, ба саволҳоямон посухҳои мушаххас ва қаноатбахш дод. Бо вуҷуди ин, бояд тазаккур дод, ки дар лексия маълумот дар бораи ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр нашуда буд, ҳамчунин оид ба шомилшавии эҳтимолии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо дар оянда бисёр масъалаҳо норавшан монданд. Мавзӯи дигаре, ки дар ин даври омӯзиш матраҳ гардид, дар бобати “Усули фарогир: қазияи Афғонистон” роҷеъ ба амалиёти ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ҳамагуна ҳайъатҳо ва гурӯҳҳои ҳарбии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, бахусус фаъолияти бошиддати “Қувваҳои байналмилалӣ баҳри мусоидат ба амният” (ISAF) ва дар дохили он Тимҳои Бозсозии Музофотҳо дар истиқрор ва посдории сулҳу амният дар Афғонистон бахшида шуда буд. Дар он тарзу усулҳои ба даст овардани сулҳу субот, таъмини рушди устувор ва барқарорсозии инфрасохтор дар ин кишварро мушовири ғайринизомии СААШ (НАТО) Мишел Рентенаар, муаррифӣ намуд, ки таҷрибаи ғании кор дар Афғонистон ба сифати сардори Тими Бозсозии Музофоти Урузгон ва намояндаи ғайринизомии онро дорад. Дар семинар оид ба “Амнияти байналхалқӣ: Нақши СММ ва СААШ дар идоракунии бӯҳрони байналмилалӣ” изҳори назару андешаҳои ошкор ва таҳлилу баррасии вазъи ҷаҳони муосир, чолишҳои он, хатару таҳдидҳо ба оянда аз ҷониби генерал-майори мустаъфии қӯшунҳои баҳрии пиёданизоми подшоҳии Нидерланд, собиқ мушовири калони низомии Дабири кулли СММ ва мушовири СААШ, ҳоло аъзои Сенати Ҳолланд Франк ван Каппен муаррифӣ гашт. Ӯ ба мо дар бораи сабабҳои тағйирёбии пурфоҷиаи вазъи сайёра, вазъи демографӣ, тағйирёбии иқлим, камбуди нерӯ, афзоиши тамоюл ба бунёдгароӣ, паҳншавии яроқи қатли ом, низоъҳо ва муноқишаҳо маълумоти судманд ва муҳим дод. Бояд афзуд, ки ин устод таваҷҷӯҳи махсусро ба ҷанбаи ҳарбӣ ва низомии тарзу усулҳои ҳаллу фасли низоъҳо ё фалсафаи идоракунии минтақаҳои даргир зоҳир намуд. Боз ҳам қазияи Афғонистон, Ироқ, Судон, Конго, Руанда ва дигар кишварҳои ғарқшуда дар вартаи муноқишаҳои шаҳрвандӣ бо ширкати дохилиёну хориҷиён ба таври мисоли чунин идоракунии муассир ё бетаъсири давлатҳои “нобарор” оварда шуд. Сулҳи босубот, тағйирёбии сайёраи мо, “сенарий” ё “алтернатива”-ҳои эҳтимолии ояндаи ҷаҳони мо, табиат ва хусусиятҳои ҷангу бесарусомонӣ, иродаи сиёсӣ ва муборизаи идеологии тамаддунҳо ва омилҳои гуногуни ҷаҳонӣ аз зумраи нуктаҳои муҳими лексияи ген.-майор Каппен буданд. Муаллим дар аввали лексия ба мо гуфт: “Шумо ду роҳ доред, агар хоҳед, ман ба шумоён танҳо дар бораи он чизҳое нақл кунам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ “дуруст ва умумӣ” ҳастанд, ва агар нахоҳед, ман ақидаи сиёсии ҳақиқии худро оид ба вазъи имрӯза иброз намоям, ки шуморо мумкин аст каме ранҷонад ё ба изтироб ва нигаронӣ орад”. Мо роҳи дуюмро интихоб намудем ва дар интихобамон пушаймон нашудем. Семинар оид ба “Қобилияту маҳорати ҳисоботдиҳӣ”-ро Ҳайе ван Ҳаутен, Раиси Иттиҳодияи тарҷумонон, коршинос оид ба ҳисоботдиҳӣ ва таҳлили ҳисоботҳову матнҳои сиёсӣ, гузаронд. Семинар аз маълумоти ҳисоботӣ бой буд, мо бисёр корҳои амалӣ кардем, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо якдигар ҳамкорӣ намуда хулосаҳо баровардем. Масалан, матн дар бораи Бознигарии сиёсати ИМА нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод гардид, ки онро бояд хонда, таҳлил ва аз он мавзӯъ ё мавзӯъҳои асосиро муайян менамудем. Мақсади асосии семинар ба даст овардани қобилияти ҷамъоварии маълумот, яъне қобилияти ҳамсӯҳбат шуда, бо саволу ҷавоб ахборот ба даст овардан, истеъдоди таҳлил намудани маводи мавҷуда, тавсияҳо додан нисбат ба маълумоти пешниҳодшуда, муайян намудани ҳадафҳо ва масъалаҳои дар он дарҷшуда, мисолу иқтибос овардан ва ғайраҳо буд. Муаллими ин мавзӯъ ба мо гуфт, ки “аввал аз коре ё самте ё қисмати коре оғоз намоед, ки онро аз ҳама бад мебинед, аз татбиқи он меҳаросед, намехоҳед бо он сарукор бигиред”. Тавсияҳое, ки ӯ медиҳад, чунинанд: 1) То он ҳоле, ки намедонед дар бобати чӣ менависед, навиштанро шурӯъ накунед; 2) Ба навиштан аз ҳама лаҳзаи дертарин сар кунед, он гоҳ хеле фаъол ва чобук мешавед; 3) Пас аз 45 дақиқа каме дам гиред (тақрибан 10 дақиқа) ва боз навиштанро идома диҳед (метавонед натиҷаи навиштагиатонро аз назар гузаронед); 4) Агар ягон коғазро аз рӯйи миз бардоштед, онро ба ҷояш дигар нагузоред, масъаларо то охир ҳал намоед, бо он машғул шавед ва ба анҷом расонед; 5) Ба ҳамкор дар бораи мушкилоте, ки доред, гӯед ва сӯҳбат намоед, шояд ӯ ба шумо маслиҳати хубе диҳад. Устоди семинари мазкур мегӯяд, ки “сарлавҳаи ягон мақола, агар дар маҷаллае бошад, бояд таваҷҷӯҳи зиёди шуморо махсусан тавлид намояд, ки шумо ба хондани он бо завқ шурӯъ намоед. Бинобар ин, сарлавҳаи ҳар ҳуҷҷате, ки онро тартиб медиҳед, бояд маълумоти дар поён меомадаро инъикос намояд, ва асосан ба таври хеле шавқовар ва таваҷҷӯҳпазир. Дар семинар оид ба “Қобилияти муаррификунӣ” ҳама иштирокдорони давр бояд бо сетогӣ муаррифинома баромад мекарданд, ки он ғайриоддӣ ва шавқовар буд. Онро муаллим дар наворбардор сабт карда, баъд аз ҳар даври сабткунии муаррифиномаҳо бо мавзӯъҳои зайл: даври якум – муаррифии худ, ба сифати кӣ кор мекунед ва чӣ ба шумо дар шаҳри худ маъқул аст; даври дуввум – таътилро чӣ хел гузаронидед ва ё дар бораи ҳамсояҳои худ маълумот диҳед; даври сеюм: дар мавзӯи муҳими сиёсии рӯз сухан кунед. Оид ба ҳар як мавзӯъ дар доираи як дақиқа вақт ҷудо шуда буд. Устод муаррифиномаҳои моро шунида чунин тавсия дод: — ба шунавандагон ва бинандагон нигоҳ кунед, ки онҳо, албатта, таваҷҷӯҳи шуморо нисбати худ талаб мекунанд ва ин маънои онро дорад, ки шумо ба якдигар боварии комил доред ва якдигарро ҳурмат мекунед; — бо овози баланд ҳарф занед, ки ҳамагон шуморо хубу возеҳ шунаванд ва фаҳманд; — агар худро гум кардед ва намедонед чӣ бояд гуфт, бисёр “ҳм…ҳм…ҳм…” нагӯед, каме хомӯш истода фикр кунед, ки дар давоми сухан чӣ бояд гуфт; — дастонатонро ҳангоми сухан гуфтан истифода баред, вале онҳоро бояд оқилона истифода бурд, агар дар фазои хурд истифода баред, асабонияти шуморо нишон медиҳад, агар дар фазои калон ва васеъ истифода баред, эътимодро ба худ зоҳир мекунад; — каме таваққуф намуда об нӯшед, барои асабониятро коҳиш додан ёрӣ медиҳад. Дар давоми давраи омӯзиш ба шаҳри Брюссели Белгия ҷиҳати боздиду шиносоӣ аз қароргоҳи ниҳодҳои идоракунандаи Иттиҳоди Аврупо сафар кардем. Дар Комиссияи Аврупо ба мо дар бораи он маълумот дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар соли сипаригашта дар Комиссияи Аврупо 1470 боздид ба амал омад, ки аз таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ва меҳмонони хориҷӣ ба ин Комиссияи бонуфузи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Масъули Комиссия ба мо дар бораи фаъолияту сохтори ниҳодҳои асосии Иттиҳоди Аврупо (Комиссияи Аврупо, Шӯрои ИА, Парламенти ИА), ҳамкории онҳо бо якдигар ва салоҳияти онҳо бо шарҳу эзоҳи возеҳ маълумот дод. Ҷеннифер Сеҳринг, мушовири сиёсии Намояндаи вижаи ИА барои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел дар бобати муносибатҳои ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар бораи шарикии нави байни ИА ва Осиёи Марказӣ ҷойдошта, стратегияи кумаки минтақавӣ, амнияту суботи минтақавӣ, идоракунӣ ва диверсификатсияи нерӯ, муколамаҳо пиромуни ҳуқуқи инсон, маориф, муҳити зист ва масъалаҳои обу энергетика гузориш дод. Моро ҳамчунин бо сиёсати ИА дар мубориза алайҳи терроризм шинос намуданд, ки он самти озодӣ, амният ва адолатро дар бар мегирифтааст ва аз 4 сутун – 1) пешгирии шароитҳои тавлидкунандаи терроризм; 2) муҳофизати шаҳрвандон ва таъмини амнияти инфрасохтори иттилоотӣ ва энергетикӣ; 3) пешбарии ҳамкории классикӣ байни кишварҳои аъзои ИА, сохторҳои қудратии онҳо; 4) вокуниши бетаъхир ба таҳдиду хатарҳои террористӣ иборат аст. Гуфта шуд, ки байни кишварҳои аъзои ИА дар ҳолати ҳамлаи террористӣ бояд ҳамбастагӣ мавҷуд бошад. Лексияе, ки дар утоқи НАТО оғоз шуд, аз ҷониби Мишел Дурей, мудири шӯъбаи Раёсати дипломатияи ҷамъиятии НАТО, бо инъикоси стратегияву сиёсати амниятӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, кибертерроризм, ҷиноятҳои бурунмарзӣ, манфиатҳои стратегии НАТО, муносибатҳои НАТО бо ИА, шомилшавии дигар кишварҳо ба он ҷараён гирифт. Сӯҳбати дигаре, ки онро Даниеле Риҷҷо гузаронид, оид ба амалиётҳои НАТО дар Афғонистон буд. Асосан дар бораи стратегияи НАТО оид ба пахш кардани шӯришҳои толибон дар Афғонистон, дастгирии қувваҳои миллии амниятии афғон аз ҷониби қувваҳои байналмилалии кумаки амниятӣ, принсипу ҳадафҳои гузаронидани амалиётҳои НАТО дар қаламрави Афғонистон нақл карда шуд ва саволҳои дахлдор ҷавобҳои худро ёфтанд. Боварии комил дорам, ки даври омӯзишӣ ба кулли иштироккунандагонаш писанд омад ва дорои якчанд афзалият буд. Якум афзалияти ин давр он аст, ки дар доираи Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ҳар як дипломат ба худ пеш аз ҳама шинос ва баъдан ҳамкасбу ҳаммаслак пайдо мекунад. Дар ин ҳолат мо ҳар кас ба худ каму беш аз 18 то 20 нафар дӯсту рафиқ пайдо намудем. Мо ҳама дар як самт фаъолият дорем, ки дипломатия ном дорад ва бояд саъю кӯшиш намоем, ки байни худ тифоқу муттаҳид бошем. Ба мақсади ҳамкорӣ ба хотири фардо, ояндаи дурахшон ва устувор, мо дар ин ҷо ҷамъ омадем, ки ҳамеша дар тамос бошем ва як гурӯҳи дастгирӣ пайдо намоем. Чунин афзалият шояд “бунёди шабакаи мубодилаи афкору маълумоти касбӣ” (networking) дар соҳаи фаъолияти худ ном дошта бошад, вале новобаста ба номгузориаш он ба мо имконият медиҳад, ки бо якдигар дар соҳаи интихобкардаву мақбули худ муошират ва ибрози андеша намоем. Дуюм афзалият он аст, ки дар чаҳорчӯби ин давр мо аз фарҳангу таърих, маданияту расму оин, хусусиятҳои хоси сиёсату иқтисодиёти на танҳо Нидерланд, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон бархӯрдор шудем. Қабл аз ин, мо шояд дар бораи ин давлатҳо он қадар хуб воқиф набудем, вале ҳоло мо медонем, ки қирғизу қазоқ, туркману ӯзбек, афғону муғул чӣ гуна миллатҳоянд ва дар хусуси давлати мо, Тоҷикистон, чӣ гуна фикру ақидаҳо доранд. Ин афзалият як намуди кашфу инкишофи робитаҳои устувори дӯстона байни Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Муғулистон мебошад. Сеюм афзалият он аст, ки мо дар ҳошияи даври мазкур ба мутахассисони масъалаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ табдил меёбем, чунки бо он соатҳои зиёд якҷоя сарукор доштем ва ба мо дар ин бобат устодони таҷрибадору закӣ лексия мехонданд, семинарҳои фаъол мегузаронданд. Ман шахсан ҳис мекунам, ки назар ба рӯзҳои аввали ин давр ҳоло доир ба масоили мухталифи дорои аҳамияти калон ва таваҷҷӯҳи дипломатҳои тамоми ҷаҳон бештар маълумоти мукаммал ва муфид дорам ва омода ҳастам, ки баҳри рушду нумӯи ҷомеа донишу малака ва таҷрибаи кориро истифода бурда, ҷиҳати инкишофи ин ҷамъият саҳми арзандаи худро гузорам. Фирдавс Шарипов, корманди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон