ПЕШНИҲОДИ КАСБ ДАР «МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ»

Декабрь 10, 2010 12:14

Душанбе,  10 декабр. (АМИТ «Ховар»,Дилшодаи Ҷонмард). –            Тибқи  қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон №102 аз  03.03 с.2007  дар  бораи  ташкили  системаи  Агентии давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ шуғли  аҳолӣ  ва  муҳоҷират номи муассисаи  давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии  роҳнамоии касбӣ» — ро  гирифтааст.            «Маркази  ҷумҳуриявии  роҳнамоии касбӣ» сиёсати  ягонаро  дар  соҳаи  роҳнамои  касбӣ  бо  назардошти  вазъи  иҷтимоӣ, демографӣ,  шуғли  аҳолӣ  дар  ҷумҳурӣ  амал   намуда, ба  ҷавонони  бекор  ва аз  кор  озодшуда  дар  интихобу иваз   намудани  касб,  инчунин   барои  бозомӯзии  шаҳрвандон (наврасон ва  калонсолон) кӯмаки  амалии  худро  мерасонад.          Дар  Марказ шӯъбаҳои   ташкили  методӣ  ва  ахбори  касбӣ,  машварати  касбӣ  ва  интихоби  касб,  тадқиқоти  иҷтимоӣ  ва  омӯзиши  афкори  умум,  дар  вилоятҳои  Хатлон,  Суғд шӯъбаҳои  машварати касбӣ ва  интихоби  касб,  дар  Кӯҳистони Бадахшон ва  ноҳияҳои  тобеи  марказ  бахшҳои машварати  касбӣ амал  мекунанд.             Бахши   машварати  касбӣ,  ки дар  шаҳру  ноҳияҳо мавҷуд аст, бо  муассисаҳои  таълимӣ  ва  корхонаҳои  давлатӣ  ва  ғайридавлатӣ  ҳамкорӣ намуда,  барои  бошуурона  интихоб  намудани  касб  аз  ҷониби ҷавонон ва  наврасон ҳамкорӣ менамояд, дар  ташкил  ва  гузаронидани  семинар – машваратҳо  низ  саҳм  мегузорад.             Кормандони  Марказ  то  имрӯз   дастур – тавсияномаҳоро, аз қабили «Машварат – омили  муҳимтарини  интихоби  касб», «Роҳҳои  беҳтар  намудани  касбинтихобкунии  наврасон, ҷавонон  ва  калонсолон»,  «Дастури психологияи  амалӣ», «Психология дар  роҳнамоии  касбӣ», «Тавсияи  методӣ оид ба  гузаронидани  машваратҳои  касбӣ  бо  аҳолии  бекор  ва  шахсони  корчӯ пешниҳод  намудаанд.

Декабрь 10, 2010 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд