РАИСИ ШАҲР БА ИНТИХОБКУНАНДАГОНАШ ЧӢ ГУФТ?
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ №25- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев интихобкунандагонро доир ба татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт шинос намуд. Зимни саволу посухҳо дар мавриди ҳалли муроҷиатҳои баррасишуда интихобкунандагон аз вакили худ изҳори сипос намуданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба ширкати фаъолона дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб намуда, гуфт, ки бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои мукаммалсозии лоиҳаи қонун бо ибтикору саҳмгузорӣ ба ташаббусҳои созанда, нақши муассир гузоранд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мулоқот дар доираи иҷрои муқаррароти қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор гардид. Тибқи муқаррароти ин қарор бояд ҳар як вакил қабл аз баргузории иҷлосияҳо бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо анҷом диҳад.