РУШДИ ВАРЗИШ ДАР ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Роҳбарияти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба масоили беҳтар намудани сифати таълим, ташкили самараноки корҳои тарбиявӣ, таъмини саломатии устодону донишҷўён ва ҳифзи сиҳатии ҷомеа диққати махсус медиҳад. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи ҳаёти солими донишҷӯён, баланд бардоштани донишу малака ва қобилияту такомули ҷисмонии устодону донишҷӯён корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Мавриди истифода қарор додани майдони варзишии донишкада дар партави амалигардии ҳамин барномаҳо анҷом дода шуда, донишҷӯёни донишкада дар чандин мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо ҳунару маҳорати худ сазовори унвони чемпионӣ ва мақомҳои баланди ифтихорӣ гардидаанд. Дар ин маврид метавон аз муваффақиятҳои донишҷӯёни Донишкада Шокирҷон Раҷабов- барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои 15-уми олимпии Осиё дар ш. Доҳаи Қатар, Ҳайитов Акмал- устоди варзиши байналхалқӣ (бокс), узви дастаи мунтахаби ҶТ, Ҷалолов Хуршед –устоди варзиш, узви дастаи мунтахаби ҶТ, Ғуломов Комил ва ғайраҳо ёдовар шуд. Дар маҷмӯъ дар дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба монанди каратэ, бокс, таэквандо, дзю-до, варзиши сабук, волейболу баскетбол, гурзпартоӣ ва ғайра зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни донишкада аъзо мебошанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар варзишгоҳи нав донишҷӯён метавонанд бо намудҳои варзишии волейболу баскетбол, гӯштин, теннис, футболи хурд ва бозиҳои гуногуни спортӣ машғулшаванд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






