СТИПЕНДИЯИ МЕНДЕЛЕЕВ БА ДОНИШҶӮЁНИ ЭҶОДКОР

Декабрь 30, 2010 11:51

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 нафар донишҷӯён аз вилояти Суғд  ба гирифтани стипендияи  Фонди «Донишкадаи  тадқиқотии Авруосиёӣ»-и Федератсияи Россия-  стипендияи ба номи Д.И.Менделеев мушарраф гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 2006 то имрӯз беш аз 100 нафар донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон  стипендияи ба номи Д.И. Менделеевро  соҳиб шуданд, ки 14 нафари онҳо аз вилояти Суғд мебошанд. Стипендияи мазкур  дар ҳаҷми 50 доллари ИМА  буда, ҳар моҳ ( давоми   семестр) аз рӯи қурби бонки Миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули сомонӣ аз ҳисоби маблағи фонди махсуси ҳукуматӣ пардохта  мешавад. Тазаккур додан бамаврид аст, ки стипендияи ба номи Д.И.Менделеев бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёне, ки  фаъолияти моҳияти иҷтимоӣ, таълимӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ дошта доранду    дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ, тадқиқоти илмӣ, олимпиадаҳо, озмунҳо, фестивалҳо ва фаъолияти эҷодӣ ба дастовардҳои махсус ноил гардидаанд,  таъсис дода шудааст.

Декабрь 30, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст