«СУХАН»-МАҲФИЛИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Декабрь 29, 2010 16:58

Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон маҳфил-озмуни адабии  «Сухан» баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон ва навқаламон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҳфили адабии «Сухан» маҳфили   ҷавонони соҳибистеъдод буда, дар назди раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  ташкил шудааст. Маҳфил асосан ҷавонони лаёқатмандро, ки завқи баланди эҷодкорӣ доранд, муттаҳид месозад ва барои кашфи истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маърифатнокиву хештаншиносӣ ва дониши сиёсиву фарҳангии  ҷавонони соҳибистеъдод  мусоидат менамояд. Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагон  Абдулҳамид Самадов, шоир Саидалӣ Маъмур ва дигарон  суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мақсад аз таъсиси маҳфили адабии «Сухан» ба ҳам овардани адибону навқаламони пойтахт, вусъат бахшидани фаъолияти эҷодии онҳо ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ҳамзамон, тавассути корҳои эҷодӣ бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, ки истеъдоди хуби шоириву суханофаринӣ доранд, аз ҳадафҳои ин маҳфил аст. Бояд гуфт, ки маҳфил  дар як моҳ ду маротиба барпо гашта,  нашри ашъори алоҳидаи навқаламони ҷавоне, ки дар маҳфил иштироки фаъол дошта, ашъори дилписанду ҷолиб пешкаш менамоянд, аз таҳриру такмили адибони мумтози  Иттифоқи нависандагон  гузашта, аз ҷониби раёсат дастгирӣ меёбад.  

Декабрь 29, 2010 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст