ТАҚСИМИ ОДИЛОНАИ ЗАМИН ДАР СУҒД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 декабри соли равон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ семинар — машварат доир ба тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят додани қитъаи замин барои ба гурӯҳи маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо» баргузор мегардад. Бино ба иттилои муовини раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов дар семинар — машварат беш аз 250 нафар намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок менамоянд. Ба иштирокдорони семинар бевосита тарзи намунавии қоидаҳои тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар мавзеи «Мирзоработ»-и ноҳияи Б.Ғафуров нишон дода мешавад. Ҳамчунин, мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров роҷеъ ба шаффофу одилона ва тариқи қуръапартоӣ сурат гирифтани тақсимоти замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд, таҳияи Низомномаи намунавии фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятии тақсими замин маълумот медиҳад. Ҳадафи семинар — машварат аз тақсими одилонаи замин ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар ин самт иборат аст. Мавриди ёдоварист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони вилояти Суғд 10 ҳазор гектар замин барои участкаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, тақсими он оғоз ёфтааст.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






