ТОҶИКИСТОН ТАРАФДОРИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН

Декабрь 14, 2010 10:45

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-Мавзӯъҳои марбут ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва амнияти минтақавӣ, татбиқи амалии стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел, ки 13 декабри соли 2010 дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифтанд. Ин мулоқот дар доираи аввалин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни муҳокимаи амиқи вазъият дар Афғонистон  Ҳамрохон Зарифӣ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба истиқрори амният ва субот дар Афғонистон назари умум доранд ва дар мубориза бар зидди терроризм, барқарорсозӣ, таҳким бахшидани сулҳ ва эҳёи иқтисодиёт дар ин кишвар ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.  

Декабрь 14, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд