ЗИМИСТОН СЕРБАРФ НАМЕШАВАД
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Имсол дар ҷумҳурӣ нињоят паст фуромадани ҳарорати ҳаво ва барфрезињои зиёд дар назар дошта нашудааст», — хабар доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии њавосанљии назди Ҳукумати ҷумњурии Тоҷикистон. ҳамзамон ҳавосанҳони ҷумҳурӣ то санаи 14 декабр ҳавои гарму беборишро пешгўї менамоянд. Рўзи 15 декабр дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар дошта шуда, 16 декабр њаво боз софу гарм мешавад. Тибқи иттилои ҳавосанҷон дар рӯзҳои гарму бебориш ҳарорати ҳаво рӯзона 17-18 дараҷа гарм ва шабона то 4 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои боронӣ ҳарорат то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.