ҚОНУНИ ТАҚДИРСОЗ

Январь 28, 2011 17:11

    Имрӯзҳо дар байни мардуми ҷумҳурӣ муҳокима ва баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ҷараён дорад. Ин қонун қонуни сарнавиштсоз буда, масъулияти падару модарро барои тарбияи фарзандони боору номус, ватандӯсту меҳанпараст ва созандагони фардои ҷомеа бештар месозад.    Мусоҳибае, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард бо директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Тошев таҳия намудааст, бозгӯкунандаи ин мавзӯст.       Шумо ахамият ва зарурати лоихаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?      Бузургтарин сармояи ҳар як халқу миллат ин сармояи зеҳнӣ мебошад. Ва ҳар қадаре ки сармояи зеҳнӣ фарогири арзишҳои волои миллӣ бошад, ҳамон қадар ин сармоя метавонад дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ва дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеаи солиму созанда мусоидат намояд. Барои шаклгирию рушдёбии сармояи зеҳнии миллӣ дар навбати худ нақш ва мақоми таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ хеле бузург аст.   Шароити кунунӣ, бахусус, рушди бемайлони воситаҳои нави коммуникатсионӣ дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои азимро ворид сохт ва ин раванди ҷаҳонишавӣ тақозо намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, устувор гардонидани амнияти ақлонӣ ва зеҳнии миллӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Яке аз чунин тадбирҳо ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо дарназардошти фикру андешаҳои сокинони мамлакат такмил додану қабул намудани он мебошад.  Аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво қонуни мазкур нисбат ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири масоиле мебошад, ки татбиқи он ҳар як фарди ҷомеаро ба шинохти воқеии ҳаёти солим, эҳтирому риояи арзишҳои миллию умумибашарӣ ва хислатҳои сутудаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Дар қонун меъёрҳои зарурӣ бо мақсади таъмини таълиму тарбияи фарзанд муайян шудаанд ва қабулу татбиқи он барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, такмили донишҳои заминавӣ, парвариши фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, боло бурдани сатҳи маърифату фарҳанг ва худшиносию худогоҳии насли наврас аҳамияти калон дорад.       Дар лоиҳа доир ба мавқеи волидон дар тарбияи фарзанд боз кадом иловаҳо зарур аст?      1.Дар зербанди 3-и сархати якуми моддаи 6-и лоиҳаи Қонун: «Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин омадааст: «дар идоракунии муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон дар он таҳсил мекунанд, иштирок намоянд». Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки дар кадом маврид падару модар ҳуқуқ доранд дар идоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд ва ё онҳо ба ҳайси кӣ ҳуқуқ доранд дар ин фаъолият шарик бошанд?  2. Дар зербанди 2-и моддаи 7-и лоиҳаи Қонун «пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронад» омадааст. Ҷузвиёти ин кор, масалан, салоҳияти мақомоте, ки бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ба ҷо меоранд, ҷой ва асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд, тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), кӯдаки мурда таваллудшуда ва ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар, бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бақайдгирии таваллуди фарзандон дар бобу моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо таври возеҳ муайян шудааст ва бисёр хуб мешуд, ки ба ҷойи банди дар боло ишорашуда чунин навиштаҷот илова шавад: «сабти асноди ҳолати шаҳрвандии фарзандонро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ намоянд».  3. Навиштаҷоти зербанди 7-и моддаи 7 « ба фарзандони хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд» ба чунин навиштаҷот «ба фарзанди ноболиғ барои гирифтани донишҳои заминавӣ шароит фароҳам оваранд» иваз шавад.  4. Дар моддаи 7-ум, зербанди нав бо чунин навиштаҷот ворид шавад: « барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такмили дониши фарзандон дар интихобу таъмини китобҳои ниёзи хониш саҳм гирифта, китобхонаи оилавӣ таъсис диҳанд». Асоси фонди Китобхонаи оилавиро бояд дар радифи китобҳои таълимию бадеӣ боз луғатҳо, энсиклопедияҳо, маълумотномаҳо, тақвимҳо, маҷмӯаи қонунҳо ва дигар нашрияҳои чопию электроние, ки барои роҳбарии хониши фарзандон мусоидат менамоянд, ташкил диҳанд. Дар робита ба ин нашриёти мамлакат муваззаф шаванд, ки нашри силсилаи китобҳои «Китобхонаи оила»-ро ба роҳ монанд. Сараввал ин ҷо чопи асарҳои панду ахлоқӣ, насиҳатномаҳо аз осори ниёгон, дастуруламалҳо барои падару модарон оид ба тарбияи фарзанд ба роҳ монда шаванд.  Кадом моддаҳои қонун коркарди мушаххастар ва иловагиро талаб менамоянд?     Бисёр хуб мешуд, ки ҳар як мафҳум ва банду бобҳои дар лоиҳаи Қонуни нав пешниҳодшуда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мувофиқа карда шаванд.  1. Масалан, дар моддаи 3-и лоиҳаи Қонун «Мафҳумҳои асосӣ» зери мафҳуми фарзанд (кӯдак, фарзанди ноболиғ) – шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида фаҳмида мешавад. Ҳамин мафҳум дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо чунин маъно ифода ёфтааст. Дар моддаи 55-и боби 11-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Кӯдак шахсе эътироф мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст». Аммо, дар моддаи 1-и боби 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» зери мафҳуми «ҷавонон» — гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад», истифода шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ишора шудааст, ки «Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасони то синни 18 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад». Яъне дар лоиҳаи Қонуни нав ва ду қонуни қаблан қабулшуда зери мафҳуми «кӯдак» – шахси ба синни 18 сола нарасида фаҳмида мешавад. Дар ду қонуни дигар бошад мафҳуми «кӯдак» бо мафҳумҳои «ҷавонон» ва «наврасон» омезиш ёфтааст, яъне дар қонунҳои қабулшуда ва лоиҳаи Қонуни нав синну соли фарзандон ҳамчун мафҳумҳои асосӣ гуногун муайян шудаанд. Илмҳои равоншиносӣ, тиб ва педагогика роҷеъ ба муайян намудани синну соли ҳар як гурӯҳ бо дарназардошти зинаҳои инкишофёбии ҷаҳонбинӣ, рӯҳию физиологӣ ва маънавии онҳо ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудаанд ва хуб мешуд, ки такя ба натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодаи илмҳои номрафта мафҳумҳои «кӯдакон», «наврасон» ва «ҷавонон» бо дарназардошти синну соли дақиқи онҳо шарҳ дода шавад. Яъне, дар лоиҳаи Қонуни нав зери мафҳуми фарзанди ба синни ҳаждаҳсола нарасида кадом гурӯҳи фарзандон: «кӯдакон», «наврасон» ва «ҷавонон»-и чандсола шомил мешаванд, муайян намудан ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.   2. Дар моддаи зикршуда вақти шабона аз соати 22.00 то соати 6.00 муайян шудааст. Ҳамин мафҳум дар моддаи 70-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани давомнокии вақти кори шабона пешбинӣ шудааст ва он муносибати шаҳрвандонро ба кори шабона муайян месозад. Азбаски лоиҳаи Қонуни нав муносибати фарзандони ноболиғро новобаста ба фаъолияти меҳнатиашон ба вақти шабона муайян менамояд ва назорати падару модарро дар ин самт тақозо мекунад, шояд ба ин мафҳум тағйирот ворид шавад, масалан, аз соати 9.00 оғоз ёфтани вақти шабона барои фарзандони ноболиғ ба мақсад мувофиқ бошад.  3. Илова бар ин, дар моддаи 3-и лоиҳаи Қонун шарҳу эзоҳи мафҳумҳои «масъулият» ва «падару модар» илова шаванд, зеро инро унвони Қонун тақозо мекунад. 

Январь 28, 2011 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад