12 ҲУНАРМАНДИ САНГҲОИ ОРОИШЇ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МТКТ) – и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї маросими бо тантана супоридани шаҳодатномаи касбазхудкунї ба 12 нафар хатмкунандагони гурӯҳи дуюми курсҳои омӯзиши тароши сангҳои ороишї баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки курси тароши сангҳои ороишї дар муассисаи номбурда бо мадад ва ҳамкории Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) соли 2007 таъсис ёфт ва соли 2010 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби ҳунари санг тарошӣ гардиданд. Дирӯз дар ҳузури раиси Кумитаи имдоди Имом Хумайнии ҶИЭ дар Тоҷикистон оғои Раззавї, намояндаи сафорати ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Некпур ва устоди таълим оғои Пешбин, директори муассисаи мазкур А. Фаромӯзов ба 12 нафар хатмкунандагони гурӯҳи дуюми курсҳои омӯзиши тароши сангҳои ороишї шаҳодатномаи касбазхудкунї супорида, онҳоро барои соҳиби касби нодир ва бозоргир шуданашон табрик намуд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






