200 ИНШООТИ ҶАШНИИ СУҒД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 январи соли 2011 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси васеи фаъолон доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли 2010 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, роҳбарони сохторҳои мақомоти дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят иштирок намуданд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳаҷми махсулоти умумии минтақавии вилоят дар соли 2010 –ум 5 млрд. 716 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 7,1 % зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи даромадҳои умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 107, 9 % таъмин гардида, ба он зиёда аз 503 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ва соли 2009 мутаносибан 73, 4 млн. сомонӣ ва 102, 6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон зимни суханронӣ дар маҷлиси фаъолон изҳор намуд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз мардуми меҳнаткаши вилояти Суғд умедҳои калон доранд ва барои сазовор шудан ба ин боварӣ дар вилоят заминаҳои мусоид, аз қабили мавқеи хуби ҷуғрофӣ, мутахассисони ботаҷриба, ҷалби технологияи замонавии коркард дар истеҳсолот, захираҳои моддиву маънавӣ мавҷуданд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода дар анҷоми маҷлиси фаъолон ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2011, аз ҷумла доир ба татбиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат ҷиҳати бунёди сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ, бунёди боғу токзор, истифодаи мақсадноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ, вусъати корҳои идеологӣ, танзими расму анъанаҳо, ҳифзи иҷтимоии мардум, бунёди толор ва майдончаҳои варзишӣ, дар маҷмӯъ истиқболи сазовори ҷашни бузурги давлатӣ- 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон назди раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






