АФЗОИШИ НАВЪҲОИ САБЗАВОТ ДАР ГАРМХОНАҲО
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Бино ба иттилои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ тибқи супориш дурнамои гармхонаҳои доимӣ 68,26 гектар мебошад, майдони киштшуда 40,16 гектарро (59%) дар бар мегирад, ки аз он помидор 17,13 гектар, бодиринг 11,04 гектар, дигар навъҳои сабзавот 11,99 гектарро ташкил медиҳанд. То санаи 31.01.11 аз гармхонаҳо 11,5 тонна помидор, 93,7 тонна бодиринг ва 5,6 тонна дигар навъи сабзавот истеҳсол шудааст. Дар ВМКБ майдони киштшуда 1,48 гектар, помидор 0,09 гектар, бодиринг 0,29, дигар сабзавот 1,1 гектарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд супориш 25,01 гектар, майдони киштшуда 19,04 гектар (76,1%) буда, помидор 7,05 га, бодиринг 4,51 гектар, дигар сабзавот 7,48 гектарро дар бар мегирад. Дар вилояти Хатлон супориш 28,91 гектар, майдони киштшуда 14,92 гектар (52%)-ро дар бар мегирад. Дар масоҳати 7,75 га замин кишти помидор, дар 5,30 га кишти бодиринг, дар 1,87 га кишти дигар навъҳои сабзавот гузаронида шудааст. То имрӯз аз гармхонаҳои вилоят ба миқдори 5 тонна помидор, 93,7 тонна бодиринг, 5 тонна дигар навъҳои сабзавот истеҳсол шудааст.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






