БА «ИСТИҚЛОЛ» РӮШНОИ МЕДИҲАНД

Январь 31, 2011 10:06

 Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Моҳи апрели соли 2011  таҷҳизонидани нақби «Истиқлол» бо асбобҳои равшанидиҳанда ва ҳавокашї оғоз меёбад. Бо ин мақсад, соли гузашта Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 млн. доллари амрикої маблағи кӯмаки бебозгашт (грант) ҷудо намуд. Ҳамчунин  илова ба ин  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми корҳо дар нақб дар ҳаҷми  2 млн. доллари амрикої  маблағи иловагї ҷудо намуд. Бино ба гуфти вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев, то ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти ҷумҳурї корҳои равшанидиҳї ва ҳавокашї ба анҷом мерасанд. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо дар нақб ширкати «Sangob» -и ҶИЭ ҷалб  шудааст. Ширкати мазкур дар як вақт дар ду иншоот: нерӯгоҳи «Сангтӯда — 2» ва нақби «Истиқлол» корҳоро  суръат мебахшад. Боис ба ёдоварист, ки барои амалї шудани лоиҳаи нақби «Истиқлол» ҶИЭ беш аз 31 млн. доллари амрикої сарф намудааст, ки 10 млн. он маблағи бебозгашт (грантї) мебошад.

Январь 31, 2011 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст