БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲ ВА СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ФУРУДГОҲ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба мустаҳкам намудани заминаи моддӣ — техникӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ эътибори доимӣ медиҳанд. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Халқии Чин як қатор таҷҳизоти авиатсионӣ ва техникаи хизматрасон (автобусҳо, зинаҳо, автокараҳо, транспортёрҳо, механизмҳои боркаш ва ғайра) харид шудаанд, иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов. Вусъат додани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ, такмили маҳорати касбии кормандони фурудгоҳ, таҳкими низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат дар ҷойи кор, пурзӯр кардани назорат бобати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунгоҳи назоратӣ — гузаргоҳии (БНГ) фурудгоҳ аз ҷумлаи вазифаҳои дар соли 2011 дар назди роҳбарияти корхона истода мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






