БАРНОМАИ РУШДИ ВАРЗИШ ТАҲИЯ ГАРДИД

Январь 12, 2011 13:34

   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 декабри соли 2010 зимни мулоқот бо варзишгарон ва масъулини соҳа ҷиҳати рушди минбаъдаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон аз соҳибкорон ва сарватмандони ватанӣ даъват ба амал овард, ки дар бунёди иншооти варзишӣ ва рушди минбаъдаи соҳа саҳми хешро гузоранд.  Бо натиҷагирӣ аз ин мулоқот нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, таҳия шуд.  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки дар зарфи чор соли минбаъда дар ҳар шаҳру ноҳия сохта як варзишгоҳ, як толори варзишӣ (бо лавозимоти зарурии ҳозиразамон) ва як боғи фарҳангию фароғатӣ бо дарназардошти майдончаи варзишии ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шавад.   Ҳамчунин, санади дахлдор оид ба озод намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили бозиҳои олимпӣ, бозиҳои Осиё, Шоҳҷоиза ва Шоҳҷомҳои ҷаҳон аз пардохти маблағи таҳсили шартномавӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шаванд.  Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки иншоот ва толорҳои варзишӣ дар маҳалҳо ба мувозинаи мактабҳои варзишӣ ва сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузаронида шавад, то дастрасӣ ба онҳо бештар гардад. Инчунин, клубҳо ва сексияҳои варзишӣ дар назди хобгоҳҳо ва биноҳои таълимӣ бо мақсади рушди тарзи ҳаёти солим вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ташкил карда шавад. Ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, низ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.    Дастур дода шуд, ки барои бунёди иншооти варзишӣ дар минтақаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти варзишӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, баррасӣ ва такмили Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо дарназандошти бунёди иншооти варзишӣ, сохтмони 1000 майдони варзишӣ барои волейбол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти қаламрави ҷумҳурӣ тибқи лоиҳаи намунавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Оид ба ин масъала ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Хукумати ҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Тоҷиксодиротбонк» , «Амонатбонк» «Ориёнбонк», «Бонки Эсхата» ва «Тоҷпромбонк» супориш дода шуд.Барои бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли велосипед ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдои ва барои дар тамоми иншооти варзишӣ пешбинӣ намудани шароит барои машғулиятҳои варзишии маъюбон ба Агентии сохтмон ва меъморӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.   То сентябри соли 2011 барои бунёди толори варзишии замонавӣ дар шаҳри Душанбе ба директори генералии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва бунёди толори варзишии ҳозиразамон дар шаҳри Хоруғ ба Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматӣ дастур дода шуд.Ҳамчунин, то марти соли 2011 барои ташкили дастаҳои футбол дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бо назардошти таъмини маблағгузорӣ ва иштироки онҳо дар лигаҳои футболи тоҷик, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муваззаф гаштанд. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои ривоҷи намудҳои варзиш, аз ҷумла алпинизми кӯҳӣ, волейбол, баскетбол, гандбол, футбол, найзапартоӣ, гурзпартоӣ, камонварӣ, теннис ва бадминтон тадбирҳои муассир андешида, масъалаи баланд бардоштани маблағи хӯрокаи варзишгарон, ҷои хоб, ҳаққи хизмати доварон, табибон ва кормандони хизматрасонро ҳаллу фасл намоянд.    Дар баробари ин, дар нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардид, чунин тадбирҳо пешбинӣ шудаанд:  -таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011 – 2015, ки иҷрокунандааш Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад;  -таъсиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрокунандааш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст;-таҳияи лоиҳаи намунавии сохтмони толор ва майдончаҳои варзишии ҳозиразамон (шурӯъ аз 2000 то 10000 ҷойи нишаст барои тамошобинон) аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон; -таҳия ва пешниҳоди санади дахлдор барои муайян намудани намудҳои афзалиятноки варзиш ва таъмини рушди онҳо дар доираи барномаҳои махсус аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  -таҳия ва пешниҳоди Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011- 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;  -таҳия ва пешниҳоди Барномаи рушди футбол аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Январь 12, 2011 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад