БО ДАСТГИРИИ БОНКИ РШДИ ОСИЁ

Январь 6, 2011 09:10

    Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ, соли ҷорӣ БРО маблағгузориро барои сохтмони ду хати барқи 220 кВолта дастгирӣ менамояд. Сухан дар бораи сохтмони хати барқи 220 кВт-и Қайроққум – Ашт ва Геран — Румӣ меравад, ки 140 км дарозӣ доранд. Сохтмони ин ду хати барқи 220 кВт дар асоси лоиҳаи минтақавӣ амалӣ мегардад, ки он аз ҷониби БРО соли 2010 дар ҳаҷми 122 млн. доллари амрикоӣ, ки маблағи грантӣ мебошад, дастгирӣ ёфтааст.     Ғайр аз ин, лоиҳа як қатор ислоҳотро оид ба дастгирии ШСХК «Барқи тоҷик» вобаста ба хати интиқоли барқи «Сангтӯда -1» — Пули Хумрӣ -и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгирӣ менамояд, ки амалан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҳудуди ҶИА то моҳи майи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.    Агар корҳо тибқи нақша анҷом ёбанд, тобистони соли ҷорӣ содироти барқи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути ин хати 220 кВт пурра ба роҳ монда мешавад,- иброз дошт Ҷ. Токешӣ дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон.

Январь 6, 2011 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст