БУНЁДИ САДД БАРОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ

Январь 28, 2011 16:34

    Кӯлоб, 28 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади пешгирии хавфи сар задани офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили сою дарёҳои минтақаи Кӯлоб зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Дар соҳилҳои сойи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо ҷалби техникаи зарурӣ нахуст мавзеъҳое мустаҳкам мешаванд, ки бар асари боронҳои сели соли 2010 рахна гардида, ба хоҷагии халқ зиёни ҷиддӣ ворид намуданд.    Мувофиқи нақша корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ то оғози моҳи апрел идома ёфта, барои ин кор маблағҳои зарурӣ, симтӯру маводи сӯзишворӣ ва техника ҷудо гардидаанд. Илова ба тадбирҳои андешидаи ҲҶТ дар ноҳияи Ховалинг ҳокимияти маҳаллӣ баҳри пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ соҳибкоронро низ ҷалб намудааст. Айни замон дар ҷамоатҳои деҳоти Сариосиёб дар соҳили чапи дарёи Сурхоб, ки ҳамасола бар асари омадани сел рахна мегардид, соҳибкор Саймуҳаммад Раҷабалиев бо ҷалби техникаи шахсӣ ва як гурӯҳи сохтмонӣ ба бунёди садди муҳофизатӣ машғуланд.    Бояд гуфт, ки баҳри дастгирии соҳибкорон ҳокимияти маҳаллӣ барои ташкили хоҷагии моҳипарварӣ дар ин мавзеъ иҷозат додааст ва дар баробари бунёди саддҳо, ин ҷо аллакай 6 ҳавз омода гардида, дар оғози фасли баҳор боз як хоҷагии моҳипарварӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Январь 28, 2011 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст