ЧАРОҒИ ХАЙЁМПАЖӮҲОН

Январь 7, 2011 14:35

      Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Умари Хайём нобиғаи тамаддуни ҷаҳонӣ». Таҳти чунин унвон Пажӯҳишгоҳи фарҳанги  форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон китоби шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик Усмон Назирро дар нашриёти «Пайванд» аз чоп баровард. Китоб бо теъдоди 800 адад нашр гардидааст.             Дар китоб маҷмӯаи мақолаҳои муҳаққиқи варзидаи тоҷик Усмон Назир, ки дар солҳои гуногун дар бораи шоир ва мутафаккири бузурги форс Умари Хайём бо  забонҳои тоҷикию русӣ таълиф намудааст, гирдоварӣ шудаанд.             Алиасғари Шеърдӯст сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар   Тоҷикистон дар сарсухани китоб зери унвони «Ҳамроҳ бо пири Нишопур» доир ба мақоми ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дар  ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ибрози назар намудааст.             Дипломати эронӣ нашри маҷмӯаи мақолаҳоро роҷеъ ба Хайём чароғи фаророҳи хайёмпажӯҳон ва қадами муассир дар ташаккули фарҳангу мероси дурахшони муштараки ду кишвари  ҳамзабон ва ҳамдину ҳамфарҳанг- Тоҷикистону Эрон арзёбӣ  намудааст.      

Январь 7, 2011 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст