ИХТИРОЪГАРИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚӢ
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Устоди кафедраи «нархмуайянкунӣ ва суғурта»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Насриддин Шарофов бо ихтирооти худ — «Нерӯгоҳи хурди барқи обии дарғот» ва «Нерӯгоҳи барқӣ- газӣ» ғолиби озмуни «Устоди эҷодкор» гардид. Дар ин бора ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод. Озмуни мазкур дар доираи «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ва мавзӯи «Нақши фарҳанги техникӣ дар ташаккули тафаккур» гузаронида шуд. Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ки соли равон аз таъсисёбиаш 15 сол сипарӣ мегардад, яке аз муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар ин даргоҳ беш аз 5 ҳазор донишҷӯён дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи 22 ихтисос таҳсил менамоянд. Низоми таҳсил дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон шартномавӣ буда, гурӯҳҳои буҷетӣ ва квотавӣ вуҷуд надоранд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






