ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТИ ХУДӢ АФЗУД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад. Корхонаҳои нави истеҳсоли семент бунёд гардида, тавассути истеҳсоли ин масолеҳи сохтмонӣ тамоми бозорҳои дохилии кишвар бо сементи худӣ таъмин мегарданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, танҳо дар соли 2010 зиёда аз 288 ҳазор тонна семент истҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 93,2 ҳазор тонна зиёд аст. Соли гузашта аз ин ҳисоб 260 ҳазор тоннаи он ба КВД «Тоҷиксемент» рост омад. Айни замон дар ҷумҳурӣ марҳилаи замонавӣ гардонидани як қатор заводҳои истеҳсоли семент ҷараён дошта, раванди гузариш аз гази табиӣ ба ангишт идома дорад. То ин муддат аз шаш корхонаи истеҳсоли семент чор тоаш ба истифодаи ангишт гузаштаанд. Тавре аз вазорат хабар доданд, айни замон сохтмони ду корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Варзобу Мастчоҳ босуръат идома дорад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






