«МАЛИКАИ БАРФИН» ДАР САФАР
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҳайати эҷодии театри давлатии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови вилояти Суғд санаи 26 декабри соли 2010 намоишномаи нави «Маликаи барфин» — ро чун тӯҳфаи солинавӣ ба мухлисони хеш тақдим намуд. Ин асар дар заминаи афсонаи олмонӣ дар коркарди балетмейстерон Шаҳло Ҷалилова ва Елена Вендел ба саҳна гузошта шуда, дар он тамоми ҳунарпешаҳои навраси театр нақш мебозанд. Саҳнаҳоро рассоми театр Матлуба Каримова ороиш додааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, ки намоишнома то санаи 18 январ ҳамарӯза се маротиба дар бинои театр пешкаши мухлисон мегардад ва баъдан ҳунармандони театр бо намоишномаи мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Исфараву Конибодом, Истаравшан, Ашт, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба сафари ҳунарӣ мебароянд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






