МУТОБИҚСОЗИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ
Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, ки таҳти раёсати Раиси Кумитаи мазкур Сафаралӣ Раҷабов баргузор шуд, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият ва ҷараёни ҷаҳонишавии иқтисодиёт, мутобиқсозии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба меъёрҳои байналмиллалӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин чанде пеш дар ҷаласаи дигари Кумитаи мазкур лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида буд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






