Н. САИДОВ: «МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО ҚУРБОНИ МАНФИАТҲОИ ҲИЗБИ НАКУНЕМ»
Мусоҳибаи ихтисосии Нуралӣ Шамсович Саидов, Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мухбири Оҷонсии иттилоотии TojNews. — Нуралӣ Шамсович, соли оянда аз таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ 15 сол сипарӣ хоҳад шуд. Роҳи начандон тӯлонӣ, вале пур аз шебу фарози ин ниҳоди ваҳдатсозро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Солҳои 1992-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аз мамлакат берун рафта, дар Афғонистон ва дигар кишварҳо ҷой гирифт. Худи вазъият муттаҳид кардани аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар Тоҷикистон амалкунандаро тақозо менамуд. Зеро нерӯҳои сиёсии гуногуни қишрҳои ҷомеа мисли вазъи сиёсӣ дар як ҳолати мавҳумӣ ва парокандагӣ қарор доштанд. Ҳар хел доираҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои ғаразнок мехостанд аз ин вазъият ба манфиати худ истифода баранд. Гузашта аз ин, баъзе кишварҳо намехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шаваду мардум сарҷамъу муттаҳид гардад. Барои Тоҷикистон даврае фароҳам омада буд, ки раванди сулҳ, музокироти байни тоҷикон ниёзманди як қувваи иловагии таҳрикдиҳанда гардида буд. Дар чунин вазъият Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳоро меандешид, то ҳарчи зудтар нерӯҳои сиёсӣ ва созмонҳои гуногун ба ҳам оянд, қувваи созандаи худро барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар ва ободию осудагии он сафарбар намоянд. Сарвари мамлакат бо азми қавӣ пайваста тадбирҷӯӣ мекард, ки ҳарчи зудтар дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ИНОТ ба хулосаи дурандешона биоянд, баҳри расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат, пойдории давлати соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд. Ӯ дар фикри он буд, ки ҳамватанони мо, ки хориҷ аз Ватан дар ғарибӣ зиндагӣ мекарданд, ба Ватани худ, ба ҷойҳои аслии сукунаташон баргардонида шаванд ва камари ҳиммат ба ободии кишвар банданд. Бо назардошти чунин вазъият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барои расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ, сулҳу суботи ҳамешагӣ ҷомеаи тоҷик ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеа эҳтиёҷ дорад, ки ба он ҳамаи қувваҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, намояндагони аҳли зиё, олимону шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд ва онҳо бо нуфузи хеш таъмингари ризоияти миллӣ шуда тавонанд. 1-уми марти соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон гуфта буд: «… Яке аз матлаби машварати мо аз он иборат аст, ки мо бояд дар ин ҷо табодули назар кунем. Шояд мо бо шумо ҳуҷҷат оид ба ризоият ва ҳамбастагӣ дар ҷамъияти мо, байни тамоми тоҷикистониёнро таҳия созем. Шояд дар ояндаи наздик ягон аҳднома оид ба ризоият ва ҳамбастагии ҷамъиятӣ ба имзо расонида шавад. Дар ин бора бояд ҳаматарафа фикр кард». Тамоми нерӯҳои ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба ин даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳусни тафоҳум ва ҳисси ватандӯстӣ муносибат карданд. Ҳамин тариқ, аз ҷумлаи шахсони соҳибэҳтироми кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва он матни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро тартиб дод. 9-уми марти соли 1996 роҳбарони зиёда аз 30 иттиҳодияи ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ин санадро имзо карданд. Ин Аҳдномаро аз ҷониби мақомоти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташиклотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имзо карданд. Бо мақсади амалӣ гардонидани муқаррароти Аҳдномаи мазкур 29-уми апрели соли 1996 Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. — Нақши Шӯро дар ташаккули равандҳои демократии ҷомеаи навини Тоҷикистон аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст? — Шӯрои ҷамъиятӣ дар музокироти байни тоҷикон саҳми бағоят бузург гузошта, зимни рафти он ба иштирокчиёни музокирот муроҷиатномаҳо, изҳорот ва ба ҳайати вакилон таклифҳо пешниҳод намудааст. Дар натиҷаи истифода аз ҳама имконоти воқеӣ ва ҷалби дигар нерӯҳои сиёсии ҷомеа мо тавонистем бо дарки масъулият дар назди миллат ва кишвар, дар якҷоягӣ истиқрори сулҳ ва ваҳдату якпорчагии миллатро ба даст орем. Шӯрои ҷамъиятӣ — мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи хеш амал мекунад ва иштирокчиёни ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Дар чорчӯбаи ин Аҳднома давлат ӯҳдадор шудааст, ки қонунҳои ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равонашударо таҳия ва қабул намояд. Давлат инчунин ӯҳдадор шудааст, ки сиёсати иҷтимоии ба тавозуни иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равонашударо ба роҳ монад. Мақсади ба имзо расонидани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон — ташаккули ҷомеаи одилона ва озоди шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, то ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи машварат дошта тавонанд, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, таҳкими истиқлолияти кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бемамониат дар чорчӯбаи ин Аҳднома фаъолият кунанд. Ҳамин тариқ, дар кишвар маркази машваративу таҳлилии афкори ҷамъиятие ташкил шудааст, ки дар кори ноил шудан ба ризоияту субот ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар саҳми назаррас дорад. То ба имрӯз Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро сарварони 84 ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон имзо кардаанд. Интихоби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, иштироки бевоситаи ӯ ва суханрониҳояш дар ҷаласаҳои Шӯрои мазкур шаҳодати эътирофи нақши муҳим ва мақоми баланди он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Президент ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳарчи бештар ҷалб шудани созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти ҷомеа ва ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ як иқдоми муҳим дониста, ба такомули ин раванд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Таҷрибаи 15-солаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ гувоҳи он аст, ки ба ҷаласаҳои Шӯро даъват намудани масъулини сохторҳои ҳукуматӣ, таҳлили камбудиҳои ин ё он соҳа ва тавсияҳо барои ислоҳи онҳо хеле самарабахш аст. Барои ҳамаҷониба мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани масъалаҳои мубрами ҷомеа дар назди Шӯрои ҷамъиятӣ кумитаҳои зерин амал менамоянд: оид ба сиёсат ва ҳуқуқи байналмилалӣ; оид ба робитаи байни миллатҳо; кор бо ҷавонон; кор бо занон; илм, маориф ва иттилоот; оид ба масъалаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт; оид ба масъалаҳои таъмини амнияти ҷомеа. Ҳамкории Шӯрои ҷамъиятӣ бо Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Қобили зикр аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ барои баррасии лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро пешниҳод менамояд. Лоиҳаи қонунҳо ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҷамъиятӣ дохил мегарданд, аввал дар кумитаҳои дахлдори Шӯро баррасӣ гардида, баъдан ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро дохил карда мешаванд. Пешниҳодҳои аъзои Шӯро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва сипас ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 соли фаъолияташ ҷиҳати демократикунонии ҷомеа ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муҳимро иҷро кардааст. Ин сохтори нодири демократиасос ҳоло дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакатамон низ амал карда, барои рушду нумӯи кишварамон, демократикунонии ҷомеа,бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун хизмати арзандаро анҷом медиҳад. — Воқеан, тавассути Шӯрои ҷамъиятӣ раванди ваҳдатофаринӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қавитар гардид. Оё ҳамин гуна ниҳод дар мамолики хориҷӣ мавқеъ дорад ё ин таҷрибаи хоси танҳо кишвари мост? — Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаҳон назир надорад ва воқеан сохтори нодире дар бобати таҳкими сулҳу субот дар кишвар, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия, ҳамчунин воситаи пурсамари муколама байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат маҳсуб меёбад. 15 соли фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ инро пурра собит намуд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили: Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон, Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ (IFES), сафоратхонаҳои кишварҳои хурду бузурги муқими шаҳри Душанбе ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд, онро ҳамчун падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи онро дар минтақаҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд. 21-уми октябри соли 2002 ҳангоми сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Шӯрои ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир сохт ва ба кори онҳо баҳои муносиб дод. Қобили тазаккур аст, ки агарчи аъзоёни Шӯро созмонҳои гуногунақида бошанд ҳам, вале ҳамаи онҳо дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти давлативу миллӣ ҳаммарому ҳамақидаанд. Манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва минтақавӣ боло мегузоранд. Ин шарти асосии Аҳднома мебошад. Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар замони мураккаби мавҷуд будани ақидаҳои гуногуни бо ҳам мухолиф, замони бархӯрди манфиатҳои тақсимнашудаи давлатҳои абарқудрат, дар дохил нуфуз пайдо кардани созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ ва созмонҳои ватании ғайридавлатӣ, барои ташаккули андешаи миллӣ Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодааст ва хоҳад гузошт. — Баъзан андешаҳое баён мешаванд, ки гӯё Шӯрои ҷамъиятӣ вазифаҳои худро анҷом бахшида, дигар зарурати фаъолияти минбаъдаи он вуҷуд надорад. Шумо чӣ андеша доред? — Эҳтимол, Шумо изҳороти муовини Раиси ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ва Раиси Ассотсиатсияи сиёсашиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мамадазимовро дар назар доред? Ман бо ин изҳоротҳо шинос ҳастам ва мехоҳам дар алоҳидагӣ ба онҳо ҷавоб гардонам. Оид ба мусоҳибаи муовини Раиси ҲНИТ. В. Қосиддинов, муовини Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабарнигори радиои «Озодӣ» ва инчунин «Asia Plus» (бо забони русӣ) фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро бемаъно хонда, қайд менамояд, ки «Шӯрои ҷамъиятӣ нуфузу тавоноӣ ва аҳамияти худро аз даст дода, дар ин шакле, ки ҳоло амал мекунад, ба дард намехӯрад» ва пешниҳод менамояд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ барҳам дода шавад ва ба ҷои он созмони дигаре ташкил гардад. Пеш аз ҳама, бояд қайд кунам, ки дар соли сипаригашта ин изҳороти аввалин нест. Моҳи марти соли 2010 ҲНИТ узвияти хешро дар Шӯрои ҷамъиятӣ қатъ намуд ва инак пешниҳод менамояд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ барҳам дода шавад. Агар ба таърихи ташкилшавии Шӯрои ҷамъиятӣ назар афканем, соли 1996, вақте ки Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ҲНИТ дар Тоҷикистон амал намекард. Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби Раиси ҲНИТ баъди бозгашт ба Ватан ба имзо расида буд. Вақте ки ба Котиботи Шӯро мактуби Раиси ҲНИТ дар бобати қатъ намудани узвият ворид гардид, мо онро бо таҳаммул қабул кардем, зеро тибқи Аҳднома ворид шудан ба он ва хориҷ шудан озод аст. Ин ду иқдоми ҲНИТ — яке қатъ намудани фаъолияти хеш дар Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигаре пешниҳод оид ба барҳам додани Шӯрои ҷамъиятӣ чӣ маъно дорад? Аввалан, дар чорчӯбаи ин Аҳднома ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ӯҳдадор шудааанд, ки давлатро дар ҳалли масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ дастгирӣ менамоянд, дар таҳкими истиқлолияти он, ноил шудан ба ризоияти миллӣ мусоидат мекунанд, аз тамоми шаклҳои экстремизм, фишору зӯроварӣ даст мекашанд ва терроризми байналмилалиро маҳкум месозанд. Ва баромадани ҲНИТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки ҲНИТ аз ин ӯҳдадориҳо ҳамчун ҳизбҳи сиёсӣ даст мекашад. Баъдан, принсипи дигари Аҳднома он аст, ки иштирокдорони Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои идоравӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва минтақавӣ боло медонанд. Пешниҳод дар мавриди барҳам додани Шӯро маънои онро дорад, ки ҲНИТ айни замон манфиатҳои ҳизбиро аз манфиатҳои ҷомеа дида болотар мегузорад. Ва ниҳоят, принсипи асосии Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо қарори он Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст, идеяи ризоияти ҷомеа мебошад ва тарафҳое, ки ба Аҳднома имзо гузоштаанд, ӯҳдадор шудаанд, ки принсипи ризоияти ҷомеаро нигоҳ медоранд. Бинобар ин, пешниҳоди ҲНИТ оиди барҳам додани Шӯрои ҷамъиятӣ ин маънои барҳам додани принсипи асосии Аҳднома, яъне ризоияти ҷомеаро дорад. Чунин ба назар мерасад, ки В. Қосиддинов ба мазмун ва мундариҷаи Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон шинос нест ё огоҳона онро нодида мегирад. Аз нуқтаи назари ман, чунин иқдоми роҳбарияти ҲНИТ нишон медиҳад, ки он аз он стратегияе, ки Роҳбари пешинаи ҲНИТ марҳум Саид Абудллоҳи Нурӣ (ёдашон ба хайр) пеш гирифта буд, дур шуда истодааст. Вақте, ки ман муддате дар Олмон дар вазифаи дипломатӣ будам ва С. А. Нурӣ он ҷо муолиҷа меёфт, бо он кас вохӯриҳои зиёде доштам. Зеро бо супориши Президенти мамлакат масъалаи ташкили муолиҷаи марҳум С. А. Нурӣ ба ӯҳдаи Сафорати Тоҷикистон гузошта шуда буд. Дар давоми зиёда аз як сол мо бо С. А. Нурӣ оид ба вазъи имрӯзаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва нақши ҲНИТ дар ҳаёти имрӯзаи кишвар ва оянда сӯҳбатҳо ва мубодилаи афкор доштем. Шодравон С. А. Нурӣ мегуфт, ки дар шароити кунунӣ арзишҳои олитарини Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мебошанд. Арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллиро мо бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Бо ин мақсад ҲНИТ Созишномаи умумии барқарории сулҳу ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ва Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро ба имзо расонд. Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ризоияти миллӣ дар ҷомеа бояд аз манфиатҳои ҳизбӣ болотар гузошта шаванд. Марҳум С. А. Нурӣ ин нуктаро чандин маротиба такрор мекард. Бинобар ин, ман боварӣ надорам, ки ақидаи В. Қосиддинов оид ба Шӯрои ҷамъиятӣ мавқеи тамоми аъзои ҲНИТ-ро ифода намояд. Инро ҳам бояд таззакур дод, ки мусоҳибаи муовини Раиси ҲНИТ аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳкум шуда истодааст. Аз назари мо, мусоҳибаи муовини Раиси ҲНИТ бидуни асноду бурҳони қотеъ буда, аз нигоҳи одоби баёни андеша ва истифодаи мафҳуми «бемаъно» хилофи одоби муошират, ноҷо ва ботил аст. Аз берун ба фаъолияти як ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро ба ҳам овардааст, чунин натиҷагирӣ намудани шахсе, алалхусус агар ӯ худро сиёсатмадор пиндорад, камолӣ бемасъулиятист. Оид ба мусоҳибаи А. Мамадазимов. Ростӣ, мо аъзои Шӯро аз ин мусоҳибаи А. Мамадазимов бо хабарнигори радиои «Озодӣ» оид ба он, ки гӯё «фаъолияти Шӯро дар ду соли охир заиф шудааст, ҳоло Шӯрои ҷамъиятӣ вазифаҳои худро ба иҷро нарасонидааст ва бояд фаъолияташро ҷоннок кунем» дар ҳайрат мондем. А. Мамадазимов дар давоми ду соли охир дар тамоми ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок мекард, дар якчанд ҷаласа ҳамчун коршинос маърӯзаҳо карда буд. Маҳз бо пешниҳоди Мамадазимов ба нақшаи кори Шӯро барои соли 2010 мавзӯи «Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон» дохил гардид ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки коршиносон, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Худи А. Мамадазимов дар ин ҷаласа бо маърӯза баромад намуд ва Шӯро қарор қабул кард, ки маърӯза дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятӣ ба табъ расонида шавад. Тибқи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ, дар давоми солҳои 2009-2010 мо дар шаҳри Душанбе ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бистунӯҳ ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ»-ро дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе доир намудем. Сипас оид ба натиҷаи ин ҷаласаҳо ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ахбор пешниҳод кардем. Худи А. Мамадазимов аз ин чорабиниҳо хуб хабардор аст. Бинобар ин мусоҳибаи А. Мамадазимовро аъзои Шӯро маҳкум карданд. Ба А. Мамадазимов маслиҳат доданӣ ҳастем, ки дар вақти баҳодиҳӣ ба равандҳои сиёсию фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ воқеъбин ва холис бошанд. — Нуралӣ Шамсович, нақшаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар Соли Нав чӣ гунаанд? — Дар соли 2011 мо нақша дорем, ки ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ»-ро мисли соли равон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронем. Дар мадди аввал гузаронидани ҷаласаи Шӯро бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Шӯрои ҷамъиятӣ дар назар аст. Айни замон гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст ва корҳои омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим оғоз гардидаанд. Дар ҷаласаҳо чун пешина ширкати Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷамъиятӣ, Намояндагони ваколатдори Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО дар назар аст. Иштирокчиён ва мутахассисон масъалаҳои ба миён гузошташударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокро изҳор хоҳанд кард. Мӯҳтавои ҷаласаҳо аз тариқи рӯзномаҳо, радио ва телевизион инъикос мегарданд. Гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро аз рӯи анъана дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони Дафтари САҲА дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаҳо мавзӯҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Стратегияи инкишофи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ. Пешниҳоди Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон; Нақши Омбудсмен дар ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар таъмини рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раванди қонунгузорӣ оид ба интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ифротгароии динӣ ва равандҳои дунявӣ-демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешниҳоди Ассотсиатсияи исломшиносони Тоҷикистон; Нақши ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муҳоҷирати меҳнатӣ: пешомад ва мушкилиҳо; Вазъи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз Точикистон таҳти роҳбарии Президент кишвар Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои мавҷударо марҳала ба марҳала батараф намуда, ба муваффақиятҳои нав ба нав дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил мегардад. Аз ибтидои фаъолияти хеш Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин раванд ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст. Инро касе инкор карда наметавонад. — Ташаккур барои вақт ёфта, ба суолҳои мо ҷавоб доданатон! Манбаъ: Оҷонсии иттилоотии TojNews