НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз 6 то 8 апрели соли 2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин намоишгоҳи байналмилалии савдо ва саноат, ки ташкилкунандаи он ширкати намоишии байналмилалии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, баргузор мегардад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби намоишгоҳ Форуми савдои Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва 500 нафар соҳибкор аз Тоҷикистон доир мегардад. Дар намоишгоҳи мазкур намунаи масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, маснуот аз пластика, таҷҳизоти хоҷагии халқ ва бастабандӣ, воситаҳои шустушӯӣ ва косметикӣ, маҳсулоти озуқаворӣ, насоҷии хонагӣ, асбоб, қисмҳои эҳтиётӣ ва электронӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки аввалин намоишгоҳи савдову саноатии байналмиллалӣ аз 16 то 18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Дар он 150 ширкат аз 18 кишвар, аз ҷумла аз Туркия, Олмон, Испания, Полша, Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Болгария ва Тоҷикистон иштирок намуда буданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






