НАМОИШИ МОЛҲОИ ПОКИСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 5 январ дар шаҳри Душанбе муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев ва атташе оид ба корҳои тиҷорати сафорати Покистон дар Афғонистон ва Тоҷикистон Файз Расул дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро баррасӣ намуданд. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ А. Карамалиев дар мавриди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Палатаи Покистон, табодули таҷриба ва иттилооти тиҷоратии байни ду давлат ҳарф зада зикр намуд, ки дар Тоҷикистон намоиши Покистон доир гардида буд. «Миёни Афғонистон ва Покистон Созишнома дар мавриди кашонидани бор ба имзо расида, дар он барои давлатҳои ҳамсоя як қатор имтиёз муқаррар гардидааст. Ин барои тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик бисёр мувофиқ аст. Покистон барои хариди пахта, алюминий, меваю сабзавот аз Тоҷикистон ҳавасманд аст. Вале барои робитаҳои зичтар вохӯриҳои расмӣ заруранд ва ин гуна вохӯриҳо зимни баргузории намоишҳо гузаронида мешаванд»,-таъкид намуд Файз Расул. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки намоиши мазкур моҳҳои май-июни соли 2011 баргузор мегардад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






