НАРХИ ҒАЛЛАИ ВОРИДОТӢ БОЛО РАФТ

Январь 28, 2011 09:37

   Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи равон нархи ғалла ва орди ба ҶТ воридшуда барои 1 тонна мутаносибан 60 – 70 доллари амрикої боло рафт.  Бино ба гуфти директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарипов ҳафтаи гузашта дар истгоҳи Сари Агаши Ҷумҳурии Қазоқистон нархи фурӯши 1 тонна ғаллаи навъи се (3) 354 ва қимати 1 тонна орди навъи 1 -ум 416 доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи декабри соли 2010 мутаносибан 8 – 10 доллар зиёд аст.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, нархи 1 тонна орду ғаллаи то ба истгоҳи «Душанбе – 1» воридшуда боз 60 – 70 доллари амрикої зиёд мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як халта орди 50 килограмма бо сабаби боло рафтани нархи ғалла дар хориҷи кишвар ба 120 сомонї расидааст. Мутахассисон боло рафтани нархи ордро ба хушксолии соли 2010 дар мамлакатҳои истеҳсолкунандаи ин навъи маводи ғизої вобаста медонанд. 

Январь 28, 2011 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст