НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 27 январ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, сардухтурони муассисаҳои табобатӣ, сарварони марказҳои саломатӣ ва солимгардонию профилактикӣ ва сармутахассисони соҳавӣ нахустҷаласаи Шӯрои тиббии навтаъсиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раиси Шӯро, сардори шӯъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумуталлим Каримов дар бораи фаъолияти муассисаҳои тиббии қаламрави шаҳр, фаъолияти соҳа дар соли 2010, ҷараёни татбиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Зикр гардид, ки дар 16 муассисаи тиббӣ, ки дорои 1120 кати беморӣ мебошанд, 2260 нафар духтурону кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳа ва таъмини болоравии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли гузашта аз буҷети шаҳр 9,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо қарори Раиси шаҳр барои табобати иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони оқибати садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, муборизони барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон беш аз 22 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ гардид. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.








22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд






