ОБОДИҲО ДАР ДАРБАНДИ НУРОБОД
Нуробод, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). –Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сол аз сол миқдори иншооти сохтмонӣ, ки тибқи нақшаи генералии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда аз ҷониби сохтмончиёну пудратчиён ба истифода дода мешаванд, меафзояд. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод низ баҳри ободу зебо намудани ин шаҳраки навбунёд як қатор иншоот мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор мегиранд. Тавре сардори хадамоти сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Тешаев иттилоъ дод, нақшаи генералии азнавсозии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрострой» соли 2009 таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Ҳамаи иншооти маъмурию истиқоматӣ тибқи ин нақшаи генералӣ сохта мешаванд. Дар деҳаи Туғчӣ сохтмони хонаҳо барои 156 оилаи аз минтақаи зериобмонда кӯчонидашаванда давом дорад. Дар ноҳияи Нуробод сохтмони 32 иншоот ҷараён дорад, ки маблағи умумии он 23,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи 32 иншоот бо лоиҳа таъмин буда, аз ин 27 иншоот аз ташхиси давлатӣ гузашта, 3 адади дигар барои ташхис супорида шудаанд. Қ.Тешаев иброз дошт, ки ҳар як иншооте, ки тибқи нақшаи генералии сохтмону меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо тарҳрезӣ мегардад, бояд ҷавобгӯ ба нақшаю лоиҳаҳо бошад. Бо вуҷуди камбудиҳо дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ пешравиҳо назаррасанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод аз шаҳракҳои беҳтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, то ба истифода додани нерӯгоҳи азими аср- Роғун симои худро куллан тағйир медиҳад. Дар бунёди ин шаҳрак саҳми лоиҳакашони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрострой»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меъмории сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мақомоти маҳаллии ноҳияи Нуробод калон аст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






