ОМОДАСОЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТУРИЗМ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2011 муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҳамкориҳои судмандро бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқ намудани савияи касбии захираҳои меҳнатиро ба бозори меҳнат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ хоҳад монд.- иттилоъ доданд аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар». Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалии Ҷамъияти ҳамкориҳои техникии Олмон (GTZ), Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раёсат оид ба ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТИКА), намояндагии Ассотсиатсияи олмонии «КАРИТАС» ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат(МОТ) ба тарзи доимӣ ба роҳ мондааст. Ҳамкорӣ бо ин ташкилоту созмонҳо имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисон доир ба касбҳои соҳаҳои сохтмон, саноат ва кормандони меҳмонхонаҳо, пешхизматон, ошпазон, кормандони соҳаи сайёҳӣ (туризм), ки ҷумҳурӣ ба онҳо бештар ниёз дорад, омода гарданд.