ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар соли 2010 ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 300 муроҷиати хаттиву шифоҳии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар шакли аризаю шикоят ва пешниҳоду дархост ворид гардид. Мазмуни муроҷиатҳои зикргардидаро асосан масъалаҳои поймол намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баҳсҳои манзилӣ, иқтисодӣ, молу мулкӣ, шикоят аз болои қарору ҳалномаҳои судҳо ва таъминоти нафақа ташкил медиҳад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти мазкур хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ ба Суди конститутсионӣ 322 мактуб аз вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ, 1126 санади меъёрии ҳуқуқии мақомоти гуногуни давлатӣ ва 227 маҷаллаву нашрияҳо ворид гардиданд, ки аз тарафи судяҳо ва кормандони масъули Дастгоҳи Суди конститутсионӣ мавриди омўзиш ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Кормандони дастгоҳ дар ин муддат бобати омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва такмили донишу малакаи касбии худ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба шаҳрҳои Мисри Араб, Афинаи Гретсия, Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд, ки ин ба омўзиши таҷрибаи давлатҳои дигар ва баланд бардоштани дониши касбии кормандон равона шудааст. Дар ин муддат дар Суди конститутсионӣ осорхона ба фаъолият шурўъ намуд, ки дар он бо таърихи фаъолияти суд ва кормандони собиқи он ошноӣ пайдо намудан мумкин аст. Дар осорхона, ҳамчунин, ҳадяҳои гуногун, ки аз тарафи мақомоти бонуфузи давлатии дохиливу хориҷӣ бо арзи эҳтиром ба Суди конститутсионӣ тӯҳфа гардидаанд, баҳри намоиш гузошта шудаанд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






