ПЕШГИРИИ ИНТИҚОЛИ ГЕРОИН БА МОСКВА

Январь 28, 2011 11:48

   Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 631 самти Душанбе-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Насров (соли таваллудаш 1985)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста боздошт намуданд.  Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукии бағоҷи дастии Ф. Нарсов аз дохили ду халтаи носи хушкдошта ду адад бастаи селофанӣ бо хокаи сафеди зардчатоби ба маводи «героин» монандро дарёфт ва мусодира намуданд.  Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи героин буда, вазни холиси он 1 килограмму 457,2 граммро ташкил дод.     Ёдовар мешавем, ки оид ба ин ҳодиса нисбат ба Фазлиддин Нарсов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҷумҳурӣ барои гузаронидани тафтишоти пешакӣ фиристода шуд.

Январь 28, 2011 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст