ТӮҲФА БА ЯТИМОН

Январь 7, 2011 14:25

 Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  ба 200 нафар духтарони ятим, ки курсҳои  дӯзандагиро хатм кардаанд, як ададӣ мошинаи дарздӯзӣ тақдим намояд. Сайидҷаводи Разавӣ раиси намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт: «мошинаҳои дарздӯзӣ ояндаи наздик ба духтарони бепарастор тақдим мегардад». Мавсуф афзуд, ки ҳудуди беш аз 100 мошинаи дарздӯзӣ ба духтарони бепарастори вилояти Суғд тақдим мешавад. Мавриди  зикр аст, ки аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ 18 маркази омӯзишии дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат   фаъолият менамоянд, ки то ба имрӯз беш аз 3 500 нафар духтарон дар онҳо курсҳои дӯзандагиро хатм кардаанд. Марказҳои мазкур бо мақсади бо ҳунаромӯзӣ, шуғли муайян ва бо ҷойи кор таъмин кардани занону духтарон  ифтитоҳ гардида,  баҳри  беҳдошти вазъи иҷтимоии бонувони тоҷик нақши  муносиб мегузоранд.

Январь 7, 2011 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст