ТАЪМИРИ ОЗМОИШГОҲҲОИ ТУХМИСАНҶИ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ бинои Бозрасии назорати давлатии тухмисанҷӣ, ҳамчунин озмоишгоҳҳои тухмисанҷӣ дар маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти санҷишии ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонида шуданд. Боис ба ёдоварист, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Оҷонсии байналхалқии Шветсия (SIda) лоиҳаи «Дастгирии инкишофи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2004 инҷониб фаъолият дорад. Барои татбиқи барномаҳои селексионӣ ба Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, филиали Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар вилояти Суғд, кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Чилгазӣ» — и ноҳияи Исфара, стансияҳои навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён, Бобоҷон Ғафуров, Мӯъминобод ва шаҳри Турсунзода техникаю технологияи замонавӣ дастрас гардид. То моҳи январи соли ҷорӣ наздик ба 31 ҳазор тонна пахтаи тухмӣ коркард шуда, 16 ҳазору 595 тонна чигити тухмӣ истеҳсол шудааст.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






