УСТУВОРГАРДОНИИ СИСТЕМАИ МИЛЛИИ ОМОР
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» аз моҳи март то моҳи декабри соли 2010 тадқиқоти корхонаҳои сохтмонии пудратӣ ва сохтмонҳои манзилҳои шахсӣ гузаронида шуд. Буҷаи тадқиқоти мазкур бештар аз 12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки тадқиқоти мазкур масъалаҳои номуназзамии нархҳои масолеҳи сохтмонӣ дар минтақаҳо, истифода бурдани қувваи кории кироя ва муайян намудани арзиши аслии биноҳои сохташавандаи аҳолиро барои ҳисоботи оморӣ ва таҳлили онро дар Системаи ҳисоботи миллӣ дарбар мегирад. Инчунин дар 180 корхонаи пудратии сохтмонӣ ва 542 хонаҳои истиқоматии шахсӣ тадқиқ гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян гашт, ки дар корхонаҳои пудратии сохтмонӣ 9944 нафар корманд кор мекунанд. Аз онҳо 7835 нафарашон расмӣ, 847 нафар занон, 2773 нафар кормандони дорои маълумоти касбӣ ва 2109 нафар кормандони кирояи муваққатӣ ба қайд гирифта шудаанд.Барои муайян намудани индекси нархҳои масолеҳи сохтмонӣ, аз корхонаҳои пудратии сохтмонӣ оиди бо кадом нарх дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сохташаванда маълумот ҷамъоварӣ шуд. Аз рӯи тадқиқоти гузаронидашуда маълум гашт, ки корхонаҳои пудратии сохтмонӣ дар моҳи марти соли 2010 76 намуди масолеҳи сохтмониро харид намудаанд. Нархи ҳар як масолеҳи сохтмонии аз тарафи корхонаҳои пудратии сохтмонӣ харидашуда дар рафти тадқиқот муайян гардид. Бо гузаронидани тадқиқоти мазкур кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи методологиро вобаста ба ҳисоб намудани индекси нархҳои масолеҳи сохтмонӣ кор карда баромаданд ва дар оянда ба нақша гирифта мешавад, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доираи воҳидҳои тадқиқшавандаро зиёд намоянд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






