ЗАРАРДИДАГОНИ ДОМОДЕДОВО АЗ ТОҶИКИСТОН 20 НАФАР ШУДАНД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тибқи хабарҳои охирини Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ шумораи шаҳрвандони зарардидаи Тоҷикистон бар асари фоҷиаи дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рухдода ба 20 нафар расид. Тибқи иттилои манбаъ нафари 20-ум сокини ноҳияи Вахш Рашидов Турсуналӣ Тохтаевич, соли таваллудаш 1978 гардид.Аз рӯи гуфти духтурони яке аз муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав ҳолати ӯ мӯътадил арзёбӣ мегардад. Ёдовар мешавем, ки бар асари ин фоҷиаи террористӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Ҷасади ин шаҳрвандон дирӯз, 27 январ бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ватан оварда шуд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






