ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК БА ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР
Суғд, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2010 баҳри иҷрои барномаи давлатии сиёсати шуғл корҳои зиёдро ба сомон расонид. Аз 2202 нафар муроҷиаткардагон, ки аксарият корҷӯён буданд, 641 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Бо мадади Кумитаи ҳамоҳангсози мусоидат бо шуғли аҳолӣ 1832 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ба 45 нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки ин маблағро 19 нафар барои ташкили чорводорӣ, 10 нафар барои кишту парвариши ғалладонагиҳо, 10 нафар барои истеҳсоли сабзавоту зироати полезӣ, 2 нафар барои ташкили соҳаи занбӯрпарварӣ масраф намуданд. Аз ҳисоби занону духтарон 261 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, 164 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб шуданд, ба 15 нафар занону духтарон барои ташкили соҳибкории инфиродӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






