ҚОНУНЕ, КИ ҲАЁТИ СОЛИМУ СОЗАНДАРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

Февраль 15, 2011 10:49

                       (бо ақидаҳои нав)      «Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад».                                                                 Эмомалӣ Раҳмон      Имрӯзҳо дар байни мардум муҳокима ва баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷараён дорад. Ин қонун қонуни сарнавиштсоз буда, масъулияти падару модарро барои тарбияи фарзанди баору номус, ватандӯсту меҳанпараст ва созандагони фардои ҷомеа бештар месозад.   Мусоҳибае, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев таҳия намудааст, бозгӯкунандаи ин мавзӯст.    — Шумо аҳамият ва зарурати лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?     — Бунёди ҷомеаи солиму созанда ва таъмини зиндагии шоиста аз бисёр ҷиҳат ба омӯзиш, эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда вобаста аст. Таъмини волоияти қонун, зарурияти таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи мунтазами қонуну қарорҳои қабулшуда ва бо ин васила такмили сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум имрӯз ҳам яке аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаби ҷомеа мебошад. Ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва баён ёфтани афкору андешаҳои сокинони кишвар перомуни вижагиҳои он аз он шаҳодат медиҳад, ки то чи андоза ҷомеаи мо ба қабулу татбиқи Қонуни мазкур ниёз дорад.  Аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво қонуни мазкур нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири масоиле мебошад, ки татбиқи он ҳар як фарди ҷомеаро ба шинохти воқеии ҳаёти солиму созанда, эҳтирому риояи арзишҳои миллию умумибашарӣ ва хислатҳои сутудаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Дар қонун меъёрҳои зарурӣ бо мақсади таъмини таълиму тарбияи фарзанд муайян карда шудаанд ва қабулу татбиқи он барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, такмили донишҳои заминавӣ, парвариши фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, боло бурдани сатҳи маърифату фарҳанг ва худшиносию худогоҳии насли наврас аҳамияти калон дорад.     — Азбаски дар лоиҳаи Қонуни нав таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъулияти падар модар нигаронида шудааст, ба ақидаи Шумо падару модар метавонанд, ки ин рисолати муқаддаси худро сарбаландона иҷро намоянд?     — Дар лоиҳаи Қонуни нав муносибати падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хубу ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст ва тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонун падару модар муваззаф шудаанд, ки мутобиқ ба дарку фаҳмиши хеш барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин рисолати басо масъулиятноку мураккаб, албатта, ҳар як падару модарро вазифадор менамояд, ки дар баробари хубу ҳамаҷониба донистани қонуниятҳои инкишофи синнусолӣ ва фардӣ-равонии фарзандон (шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилияту истеъдод, мизоҷу талабот) боз ҷаҳонбинии фарох, зеҳни борик ва тафаккури созанда дошта, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаро хуб донанд, аз таъриху ҷуғрофия, ҳаёти адабӣ ва дастовардҳои наҷиби даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон огоҳ бошанд, соҳиби меҳру муҳаббат ва самимияти беандоза нисбат ба муқаддасоти Ватан, арзишҳои миллию умумибашарӣ бошанд, роҷеъ ба масоили мубрами давру замон тасаввуроти амиқ дошта, дар робита ба он пайваста сатҳи дониши худро мукаммал намоянд. Илова бар ин, мусаллам аст, ки нишонрасиву натиҷабахшии кори таълиму тарбияи фарзанд бидуни гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бахусус, бузургдошти мероси пурғановати фарҳангӣ ва хотираи неки таърихӣ, ҳамзамон бидуни таҳлили мантиқи ҳодисаҳои айём ва фаҳмиши моҳияти зиндагонӣ имконнопазир аст.  Муваффақияти асосӣ дар татбиқи Қонуни мазкур ва ҳамзамон комёб шудан дар фаъолияти таълиму тарбияи фарзанд, аз бисёр чиҳат ба сифатҳои шахсӣ ва махсусан ба сатҳи маърифату маънавият ва таҷрибаи иҷтимоии падару модар вобаста аст. Ин ҷо саволҳое ба миён меоянд: Оё сатҳи маърифату маънавияти ҳамаи падару модарон ба вижагиҳои раванди таълиму тарбияи фарзандон мувофиқат мекунад? Кадом сифатҳо ва хусусиятҳои ба шахсияти падару модар хос метавонанд шахсияти падару модарро ҳамчун тарбиятгар ва таълимдиҳанда муайян намоянд? Оё тарзи тафаккур, доираи фаҳмиши моҳияти зиндагонӣ ва ҷаҳонбиниву худогоҳии падару модарон дар амалишавии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, ки Қонуни нав муқаррар намудааст, мусоидат карда метавонад? Оё ҳамаи падару модарон тавассути донишҳои дар зиндагӣ андӯхтаи худ қодиранд, ки масъулияти бар дӯши худ доштаро сарбаландона иҷро намоянд? Имрӯз сатҳи олами маънавии падару модар дар кадом поя қарор дорад? Донишу таҷрибаи зиндагии падару модар чӣ гуна аст ва минбаъд ҳаёти маънавии худро чӣ тавр бояд созмон бидиҳанд, ки барои таълиму тарбияи фарзандон ҷолиб, нишонрас ва судманд бошад? Саволҳои зикршуда моро водор месозанд, ки дар лоиҳаи Қонуни нав иловаҳо ворид намоем. Масалан, зери мафҳуми «падару модар» бояд кадом сифатҳо ва хусусиятҳои ба шахсияти падару модар хос фаҳмида шавад, ки тавассути онҳо падару модар кори таълиму тарбияро дуруст, мақсаднок ва бо муваффақият ба роҳ монанд? Мо бояд ошкор созем, ки кадом меъёрҳо метавонанд шахсият ва сифатҳои падару модарро новобаста ба дараҷаи маълумот ва намуди фаъолият ҳамчун шахси тарбиятгар ва таълимдиҳанда муайян намоянд. Ба ин хотир, бисёр хуб мешуд, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур оид ба чӣ тавр будану чӣ тавр шудани сатҳи маърифату маънавияти падару модар ҳамчун шахси тарбиятгару таълимдиҳанда боби алоҳида ҷудо карда шавад. Роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳи дониши падару модар танҳо дар банди 6-и моддаи 9-и лоиҳаи Қонун мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, ӯҳдадор шудаанд, ки бо мақсади расонидани кӯмакҳои педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар дар муассисаҳои таълимӣ «рӯзҳои падару модар» ташкил намоянд. Оё танҳо бо ташкил кардани рӯзҳои падару модар мо метавонем онҳоро бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ гардонем ва ё ин ҷо истифодаи кадом роҳу воситаҳо муфид аст, ки низоми татбиқи нишондоди Қонун дуруст ба роҳ монда шавад. Илова ба тадбирҳои андешидашуда боз падару модарро зарур аст, ки барои рафъи душвориҳои кори таълиму тарбия пайваста сатҳи дониши худро тавассути худомӯзӣ ва худтарбиянамоӣ инкишоф диҳанд. Ин ҷо фақат хоҳиш лозим аст, боқимонда ҳама шароиту имкониятҳо дар дасти худи падару модарон аст ва онҳо метавонанд бо дарки масъулияти баланд дар ҳалли ин рисолати муқаддас саҳмгузор бошанд. Бешубҳа, таълиму тарбияи фарзанд ҳамон вақт судманд мешавад, ки агар падару модар худ дорои фазилатҳои неки инсонӣ: ахлоқу одоби ҳамида, хоксору фурӯтан, хирадманду ҳиматбаланд, худогоҳу меҳанпараст бошанд. Муҳити хуби оилавӣ, тарзи дурусти зиндагонӣ, гуфтору кирдор ва рафтори шоистаи падару модар ин худ намунаи ибрат буда, яке аз воситаи муҳими таълиму тарбияи фарзанд маҳсуб меёбад.       — Боз кадом моддаҳои қонун коркарди мушаххастар ва иловагиро талаб менамоянд?    — Бисёр хуб мешуд, ки ҳар як мафҳум ва банду бобҳои дар лоиҳаи Қонуни нав пешниҳодшуда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мувофиқ карда шаванд.  1. Масалан, дар моддаи 3-и лоиҳаи Қонун «Мафҳумҳои асосӣ» зери мафҳуми фарзанд (кӯдак, фарзанди ноболиғ) – шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида фаҳмида мешавад. Ҳамин мафҳум дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо чунин маъно ифода ёфтааст. Дар моддаи 55-и боби 11-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст». Аммо, дар моддаи 1-и боби 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» зери мафҳуми «ҷавонон» — гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад» истифода шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ишора шудааст, ки «Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасони то синни 18 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад». Яъне, дар лоиҳаи Қонуни нав ва ду қонуни қаблан қабулшуда зери мафҳуми «кӯдак» – шахси ба синни 18 сола нарасида фаҳмида мешавад. Дар ду қонуни дигар мафҳуми «кӯдак» бо мафҳумҳои «ҷавонон» ва «наврасон» омезиш ёфтааст, яъне дар қонунҳои қабулшуда ва лоиҳаи Қонуни нав синнусоли фарзандон ҳамчун мафҳумҳои асосӣ гуногун муайян шудаанд. Илмҳои равоншиносӣ, тиб ва педагогика роҷеъ ба муайян намудани синну соли ҳар як гурӯҳ бо назардошти зинаҳои инкишофёбии ҷаҳонбинӣ, рӯҳию физиологӣ ва маънавии онҳо ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудаанд ва хуб мешуд, ки такя ба натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодаи илмҳои номрафта мафҳумҳои «кӯдакон», «наврасон» ва «ҷавонон» бо назардошти синну соли дақиқи онҳо шарҳ дода шавад. Яъне, дар лоиҳаи Қонуни нав зери мафҳуми фарзанди ба синни ҳаждаҳсола нарасида кадом гурӯҳи фарзандон: «кӯдакон», «наврасон» ва «ҷавонон»-и чандсола шомил мешаванд, муайян намудан ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.   2. Дар моддаи зикршуда вақти шабона – вақти аз соати 22.00 то соати 6.00 муайян карда шудааст. Ҳамин мафҳум дар моддаи 70-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани давомнокии вақти кори шабона пешбинӣ шудааст ва он муносибати шаҳрвандонро ба кори шабона муайян месозад. Азбаски лоиҳаи Қонуни нав муносибати фарзандони ноболиғро новобаста ба фаъолияти меҳнатиашон ба вақти шабона муайян менамояд ва назорати падару модарро дар ин самт тақозо мекунад, шояд ба ин мафҳум тағйирот ворид шавад, масалан, аз соати 9.00 оғоз ёфтани вақти шабона барои фарзандони ноболиғ ба мақсад мувофиқ бошад.  3. Илова бар ин, дар моддаи 3-и лоиҳаи Қонун шарҳу эзоҳи мафҳумҳои «масъулият» ва «падару модар» илова шаванд, зеро инро унвони Қонун тақозо мекунад.  — Дар лоиҳа доир ба мавқеи волидон дар тарбияи фарзанд боз кадом иловаҳо зарур аст?  — 1. Дар зербанди 3-и сархати якуми моддаи 6-и лоиҳаи Қонун: «Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин омадааст: «- дар идоракунии муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон дар он таҳсил мекунанд, иштирок намоянд». Ин ҷо савол ба миён меояд, ки дар кадом маврид падару модар ҳуқуқ доранд дар идоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд ва ё онҳо ба ҳайси ки ҳуқуқ доранд дар ин фаъолият шарик бошанд?  2. Дар зербанди 2-и моддаи 7-и лоиҳаи Қонун «пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд» омадааст. Ҷузвиёти ин кор, масалан, салоҳияти мақомоте, ки бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ба ҷо меоранд, ҷой ва асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд, тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), кӯдаки мурда таваллудшуда ва ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар, бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бақайдгирии таваллуди фарзандон дар бобу моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо таври возеҳ муайян шудааст ва бисёр хуб мешуд, ки ба ҷойи банди дар боло ишорашуда чунин навиштаҷот ворид шавад: «сабти асноди ҳолати шаҳрвандии фарзандонро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ намоянд».  3. Навиштаҷоти зербанди 7-и моддаи 7 «- ба фарзандони хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд» ба чунин навиштаҷот «-ба фарзандони ноболиғ барои гирифтани донишҳои заминавӣ шароит фароҳам оваранд» иваз карда шавад.  4. Навиштаҷоти банди 15-и моддаи 7 «- ба фаъолияти касбии омӯзгор дахолат нанамоянд» нофаҳмо ифода ёфтааст. Агар падару модар ба фаъолияти касбии омӯзгор дахолат нанамоянд, пас чӣ тавр ӯ метавонад муносибати худро бо омӯзгорон оид ба таълиму тарбияи фарзандаш муайян намояд. Падару модар омӯзгорро маҳз бо фаъолияти касбиаш мешиносад ва маҳз тавассути ҳамин фаъолият бо ӯ ҳамкорӣ мекунанд.  5. Дар моддаи 7-ум, зербанди нав бо чунин навиштаҷот ворид шавад: «-барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такмили дониши фарзандон дар интихобу таъмини китобҳои ниёзи хониш саҳм гирифта, китобхонаи оилавӣ таъсис диҳанд». Асоси фонди Китобхонаи оилавиро бояд дар радифи китобҳои таълимию бадеӣ боз луғатҳо, энсиклопедияҳо, маълумотномаҳо, тақвимҳо, маҷмӯаи қонунҳо ва дигар нашрияҳои чопию электроние, ки барои роҳбарии хониши фарзандон мусоидат менамоянд, ташкил диҳанд. Дар робита бо ин нашриёти мамлакат муваззаф шаванд, ки нашри силсилаи китобҳои «Китобхонаи оила»-ро ба роҳ монанд. Сараввал, ин ҷо чопи асарҳои панду ахлоқӣ, насиҳатномаҳо аз осори ниёгон, дастуруламалҳо барои падару модарон оид ба тарбияи фарзанд, ба нақша гирифта шаванд.  — Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.Дилшодаи Ҷонмард

Февраль 15, 2011 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд