ҚОНУНЕ, КИ МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки васеи кормандон ҷамъомад доир гардид. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов оид ба аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳим сухан гуфт. Сардори раёсати илм ва дастовардҳои илмии вазорат Т.Носирова оид ба ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи қонун дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ҳарф зада гуфт, ки кормандони вазорат лоиҳаи қонуни мазкурро ҳаматарафа омӯхта, баҳри амалӣ гардидани он фикру ақида ва пешниҳоди худро ба раёсати илм ворид намуданд. Пешниҳоди воридгардида барои бозомўзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Кормандони вазорат қонуни мазкурро саривақтӣ шуморида, баҳри боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд пешниҳоди муфид намуданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






