ҚОНУНЕ, КИ МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

Февраль 8, 2011 15:02

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  бо иштироки васеи кормандон ҷамъомад доир гардид.  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов  оид ба  аҳамияти  ин ҳуҷҷати муҳим   сухан гуфт. Сардори раёсати илм ва дастовардҳои илмии вазорат Т.Носирова  оид ба ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи қонун дар  дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат   ҳарф зада гуфт, ки кормандони вазорат  лоиҳаи қонуни мазкурро ҳаматарафа омӯхта, баҳри амалӣ гардидани он фикру ақида ва пешниҳоди худро ба  раёсати илм ворид намуданд.  Пешниҳоди воридгардида     барои бозомўзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол   мегардад. Кормандони вазорат  қонуни мазкурро саривақтӣ шуморида, баҳри боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд  пешниҳоди муфид намуданд.

Февраль 8, 2011 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид